Босмачиҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Ивазкунии саҳифа бо '{{Copyvio|http://www.sahar.tj/news.php?n=186&a=1&c=8}}'
Сатри 1:
{{Copyvio|http://www.sahar.tj/news.php?n=186&a=1&c=8}}
Босмачиҳо қаҳрамон буданд ё душман?
 
Вақте ки калимаи «[[босмачӣ]]»ро мешунавем, симои ғоратгарону таҷовузкорон, дуздону роҳзанҳоро тасаввур мекунем. Ин дар тафаккури мо ҳанўз аз китобҳои дарсии мактабӣ, аз филмҳои тамошокардаамон ҷо шудааст.
 
Ҳарчанд мо босмачиҳоро надида бошем ҳам, бо шунидани номи “[[босмачӣ]]” марди ришдору силоҳбадасти савори аспро ба ёд меорем ва ҳукм мекунем, ки он мард на хату савод дорад ва на раҳму шафқат. Ў ҳар лаҳза метавонад, ба ҷони мо қасд кунад. Ин ақидаро, ки ӯ низ оила дошт, зану фарзандон ва ниҳоят ватанашро дўст медошт, касе аз мо ба гўшаи хаёлаш ҳам намеорад.
 
Номзади илми таърих, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Н. Ҳакимов мегўяд: “[[Калимаи босмачӣ]]” аз истилоҳи туркии “[[босмоқчӣ]]”, ба маънои [[ғоратгар]], [[таҷовузкор]] дар қарни XIV истифода шудааст.
 
Макони тавлиди “[[босмачигарӣ]]” [[Фарғона]] ва асосгузори ин [[ҳаракат Мамадинбек]] мебошад. Мамадинбек ва минбаъд пайравони ў худро муҷоҳид мегуфтанд, на босмачӣ. Ин номро ба онҳо Ҳокимияти Шўравӣ”, чун ба гурўҳе, ки зидди сохти сотсиалистӣ мубориза мебурд ва мардумро тороҷ мекард, дода, босмачӣ номид.”
 
Ба ақидаи Н. Ҳакимов афроде, ки дар он давра алайҳи сохти шўравӣ бармехестанд, босмачӣ, яъне [[тороҷгару]] [[таҷовузкор]] номида шудаанд. Албатта, ҳамаи босмaчиҳо одамони бад набуданд, аммо мо гуфта наметавонем, ки онҳо хуб буданд. Дар байни босмачиҳо нафароне буданд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои меросии мардуми худ мубориза бурдаанд. Донистани ин ниҳоят муҳим аст.
 
Саркардаҳои босмачиён бойҳое буданд, ки бо барқарор шудани Ҳукумати Шўравӣ дар Осиёи Миёна хатари аз даст рафтани молу амволашонро эҳсос мекарданд ва мардуми маҳаллии камбағалро бо фиреб бар муқобили болшевикон шўрондан мехостанд. Ба мардуми камбағал мегуфтанд: “Болшевикон ҳамаи амволатонро умумӣ мекунанд, хона, замин, чорво ва ҳатто занҳоро умумӣ мекунанд.” Баъзеҳо ба ин суханон бовар карда, ба босмачиён ҳамроҳ мешуданд.
 
“Ман босмачиҳоро қаҳрамонҳое гуфта наметавонам, ки ба ҳимояти ватану оинҳои миллиашон бархоста, сина ҷавшан кардаанд. Вале низ гуфта наметавонам, ки босмачиҳо душманони халқ буданд ва аз ҳамин сабаб мардумро тороҷ мекарданд”, мегўяд Ҳакимов. Ба саволи “Пас онҳоро кӣ гўем?” устоди донишгоҳ чунин посух дод: “Онҳо раҳгумзадаанд, сардорони босмачиҳо медонистанд, бо кӣ сару кор доранд, вале аксарияти босмачиҳо намедонистанд, ки чӣ кор мекунанду чӣ мехоҳанд, онҳо аз паси раҳбарони худ мерафтанд ва ба онҳо гўш медоданд. Қисми зиёди онҳо роҳи худро надониста, кўркўрона амал мекарданд. Ва маҳз ана ҳамин сабаб шуд, ки дар байни онҳо зиддиятҳои дохилӣ рашку ҳасад ба якдигар ба вуҷуд омада, ба шикаст хўрдани онҳо мусоидат кард. Бинобар ҳамин онҳоро “раҳгумзадагон” гуфтан мумкин.”
 
Ба эътиқоди муаррихи тоҷик, профессор А. Раҳматуллоев босмачиҳо ба мардум ваъдаҳо дода, мегуфтанд, ки онҳоро ҳимоя мекунанд ва дар зимн аз мардум молу чорво, ғаллаашонро мерабуданд. Раҳматуллоев мегўяд: “Охир худи онҳо ҳеҷ чиз надоштанд ва маҷбур буданд, ки даст ба тороҷ зананд. Онҳо қаҳрамоние накардаанд, вале онҳо душмани халқи худ набуданду нестанд. Онҳо душманони ҳамон сохти шўравӣ буданд”.
 
A. Раҳматуллоев ба ақидаи ҳамкасбаш Н. Ҳакимов дар мавриди он, ки босмачиҳо “раҳгумзада” буданд, розӣ нест. Ба ақидаи ў: “Босмачиҳо дар фикри манфиатҳои худашон буданд. Роҳи интихобкардаашонро дуруст медонистанд. Ҷомеае, ки онҳо бунёд кардан мехостанд, барои худи онҳо дуруст буд. Онҳо баръакс рақибонашонро роҳгумзада мепиндоштанд. Онҳо на қаҳрамонанду на душмани халқ ва на раҳгумзада. Босмачиҳо душмани ҳамон як сохтори ҷамъиятӣ буданд. Дараҷаи фаҳмиши онҳо ҳаминро тақозо мекард, ба фикри худашон онҳо ҳам ҳақ буданд”.
 
Дар як сўҳбат академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтааст, на ҳама босмачиён сияҳкору ғоратгар буданд, дар байни онҳо зиёиён низ зиёд буданд. Профессор Раҳматуллоев ва муаррих Н. Ҳакимов низ мегўянд, ки дар байни босмачиҳо зиёиёну ҷадидон буданд.
 
Пас савол ба миён меояд: Агар бой аз тарси он ки молаш аз дасташ меравад ва камбағал аз соддагиву зудбоварӣ босмачӣ шуда бошанд, пас зиёиро сабаб чӣ буд, ки ба босмачиён пайваст? Ба ақидаи профессор Раҳматуллоев ҳамаи зиёиён дар ҳама давр як хел набуданд ва як ақида ҳам надоштанд. “Баъзеашон тарафдори босмачиҳо буданд, қисми дигар интелегенсияи нави шўравиро ташкил доданд. Агар сухан дар бораи ҷадидон равад, симое, ки пеши назар меояд, симои устод Айнӣ аст. Вале дар он давра баъзе пайравони “Ҷадидия” низ буданд, ки ба ҷониби босмачиҳо гузаштанд”, мегўяд устоди донишгоҳ ва илова мекунад: ”Посух ба суоли “Босмачиҳоро чӣ ном барем? ниҳоят мушкил аст. Баҳсҳо дар атрофи ин мавзўъ солҳост, ки давом мекунанд ва мубоҳисон то ҳол ба ақидаи умумие наомадаанд. Н. Ҳакимов мегўяд: “Зиёиён ҳамавақт, бешубҳа, арафдори пешрафти соҳаҳои ҷамъиятӣ буданд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо дар ҳамаи масъалаҳо ҳамақида буданд. Гуфтан мумкин аст, ки зиёиён ба якчанд гурўҳҳо қисмат мешуданд. Зиёиёне буданд, ки муқобили босмачигарӣ баромад мекарданд. Қисмати дигар тарафдори босмачиҳо буданд. Онҳое, ки босмачиҳоро ҷонибдорӣ мекарданд, гумон доштанд, ки агар босмачиҳо ба сари қудрат оянд, ба тахт ҳатман зиёиёнро мешинонанд. Яъне дар ҳама давру замон дар байни намояндагони ҳамаи табақоти ҷомеа гурўҳе пайдо мешавад, ки манфиатҳои худро аз ҳама афзал дониста, манфиатҳои халқро дуввумдараҷа меҳисобад.
 
Ҳам халқ, ҳам зиёиён аз дасти аморат ба танг омада буданд. Ҳамаи онҳо чизи наве мехостанд, вале на аморатро. Барои аз байн бурдани сохти амирӣ зиёиён ба ҳама чиз розӣ буданд, ҳатто ба сохти шўравӣ. Онҳо орзу мекарданд, ҷомеаи наве барпо кунанд, ки дар он на фақат тарзи нави таълим ба роҳ монда шуда бошад, балки дар ҳама соҳаҳо тағйироти куллӣ ба амал ояд.”
 
Баъзан таърих сафедро сиёҳ мегўяд ва баръакс; сиёҳро сафед. Муаррихон ҳам ба як андеша нестанд. Яке босмачиҳоро раҳгумзада меҳисобад, дигарӣ душманони сотсиализм. Баъзеҳо босмачиҳоро ҳомиёни урфу оинҳо ва арзишҳои миллии хеш мегўянд ва бархе дигар муборизони роҳи озодӣ. Тавре мегўянд, “Илм бе баҳс намешавад”. Вале ҳақиқат ҳам наметавонад дутову сето бошад.
 
Пас маълум мегардад, ки дар назди таърихнигорон масъалаҳои ҳалталаби зиёде истодаанд, “Чаро?”ҳои бисёре ҷавоби дурустро мунтазиранд. Фикр мекунем, ҳалли ин масъала, бешубҳа, бар души мутахассисони ҷавоннирўи созандаи ҷомеаи навин аст.
 
 
[[en:Basmachi]]