Мори печон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
'''МОРИ ПЕЧОН''', [[мор]]и ало (Eryx tataricus), як навъ морест безахр: Мушакхои танаш хеле пуркувват, гавхараки [[чашм]]аш амуди. Ду [[шуш]] дорад (шуши росташ нисбатан дарозтар аст). Пулакчахои баданаш майда, хамвор. Думаш кутох, нисбатан гафс. Дарозии баданаш то 90 см (одатан 60 – 70 см). Рангаш зарди буртоб ё сиёх, тахтапушт ва пахлухояш холл – хол. Асосан дар адирхои [[водии Хисор]], даштхои болооби дарёи Зарафшон, водии Хисор, даштхои болооби [[дарёи Зарафшон]], водии [[дарёи Сир]], регзорхои поёноби дарёхои Вахш, Панҷ, Кофарнихон маскун аст. Дар [[Бадахшон]] ва Помир нест. Мори печон бештар дар чойхои камдолу дарахт зиндаги мекунад. Мори печон рузгард аст. Аз хоби зимистона мохи март мехезад. То гармои тобистон тамоми руз фаъол буда, баъд факат шомгохон ё шаб мегардад. Мори тухмзиндазой аст. Мохи май чуфти мешавад. Июн – авали август модинааш то 12 морбача (дарозиаш 13 – 14 см) мезояд. Гизои морбачахо [[гамбусакҳо]], [[малах]] ва дигар мавчудоти бемухра аст. Морхои калон тавушкон, муши регзор, калтакалос ва баъзан паррандахои майдаро мехуранд. Мори печон хояндаю малаххоро хурда ба халки кишвар фоида меорад. Зохиран курморро мемонад, бинобар ин мардуми тахчойи онро барои муоличаи касалихо медоранд, ки дар натича микдораш солхои охир кам шудааст. Хусусияти доруияш номаълум . Ба «Китоби сурхи РСС Точикистон» дохил карда шудааст.
 
{{зоология-нопурра}}