Равшан Раҳмонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
х таҳрир
Сатри 8:
|Вазифа= [[олим]], мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик
}}
'''Равшан Раҳмонӣ'''('''Раҳмонов Равшан Қаҳҳорович)''' - [[28 ноябр]]и соли [[1954]] дар деҳаи Пасурхӣ, н.нохияи Бойсун, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор. Доктори илмҳои филологӣ(1998), профессор (2002). узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993); узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» (аз 2000); узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (аз 2000), узви ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии “Эрон ва Қафқоз” [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2003); узви ассотсиатсияи байналмилалии “Эпоси халқҳои ҷаҳон” (Бишкек, аз 1999); узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003); узви «Созмони байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (аз 2005); узви Шӯрои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» (дар 1996-2000, дубора аз 2006); сардабири маҷаллаи «Пайванд» (аз 2006) аст.
==Холнома==
Пас аз хатми [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (1977) дар Комитети радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон (1977), сипас дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ҳамчун лаборанти калон (1978-1981) кор кардааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи Кобул ҳамчун тарҷумон фиристода шуд, то 1985 дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кард. Дар Афғонистон бо ҳамкории профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуровро аз алифбои крили ба алифбои форсӣ баргардон кард. Аз соли 1985 дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] муаллим (1985-1986), аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии ДМТ (1990), муаллими калон ДМТ (1991-1993), дотсент (1993), докторант (1993-1997), дотсенти Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ДМТ (1997-2001), профессори ҳамин кафедра (2001-2009) будааст. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд» (номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд) аст. Ӯ раиси Пажӯҳишкадаи “Мардумшиносӣ” (аз 1992), бунёдгузор ва сардабири нахустин маҷаллаи хусусии фолклорӣ “Мардумгиёҳ” (аз 1993) аст.
Сатри 32:
* «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (Д., 2013) ва ғайра.
Раҳмонӣ беш аз 30 сол аст, ки бо гирдоварии маводи фолклорӣ ва этнографӣ машғул аст. Ҳоло дар бойгонии ӯ беш аз 50 ҳазор саҳифа дастнавис, 12 000 сурат, 522 касет, 70 навори видео, маводи гуногун оид ба расму оинҳо мавҷуд аст, ки аз кишварҳои форсизабон ва марказҳои эроншиносии дунё сабт ва забт шуда, аз он олимони кишварҳои хориҷӣ низ истифода менамоянд.
Ӯ дар бештар аз 60 конгрес, конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австралия (1998), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983, 1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Италия (2006), Корея (2009, 2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Миср (2009), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010), Русия (1988, 2000; 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008), Туркия (2007), Франсия (2006), Шведсия (2008, 2011), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011), Ӯзбекистон, (1993, 1994, 1999, 2002, 2003), Ҳиндустон (1989) ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ ширкат варзидааст. Корҳои илмии эшон дар кишварҳои [[Австралия]], [[Амрико]], [[Англия]], [[Аргентина]], [[Афғонистон]], [[Олмон]], [[Покистон]], [[Русия]], [[Франсия]], [[Эрон]], [[Япония]], [[Ӯзбекистон]] чоп шуда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фронсавӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, кореягӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудааст. Раҳмонӣ узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993), узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» (аз 2000), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 2000), узви ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии “Эрон ва Қафқоз” [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2003), узви ассотсиатсияи байналмилалии “Эпоси халқҳои ҷаҳон” (Бишкек, аз 1999), узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003), узви «Созмони байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (аз 2005), узви Шӯрои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» (дар 1996-2000, дубора аз 2006), узви ду шӯрои дифои рисолаҳои доктории ДМТ ва ҳамчунин пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ аст. РоҳабриБо илмиироҳбарии 15 тан асперантҳо ва унвонҷӯйҳо аст, киӯ то ба ҳол 1112 нафаринафар онҳоунвонҷӯйҳо аз рисолаҳои илмии худ дифоъ карданд, ки 6 нафарошнафараш аз кишвари Эрон ҳастанд.
== Осори илмӣ ==
* «Простонародная литература современного Афганистана (дар 2 ҷилд, М., 1994);
Сатри 43:
* «The Popular Literature of the Tajiks» дар кит.: «A History of Persian Literature» (London-New York, 2010),
* «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажӯҳш ва матн) (Д., 2011),
* «Фарёди бесадо» (Гуфтугӯгуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Д., 2011),
* «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Д., 2012),
* «Муши тиллоӣ» (Д., 2012),
Сатри 49:
* «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (Д., 2013) ва ғайра.
== Мукофотҳо ==
Соли [[2003]] барои китоби “Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон”, аз кишвари [[Эрон]], ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши солро дарёфт намуд. Соли [[2008]] дар дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии қиссагӯӣ, дар шаҳри Исфаҳон суханронӣ намуда, сазовори «Медали тилло» гардид. Хизматҳои ӯ сазовори ордени «ДӮСТӢДӯстӣ» (2008), нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) дониста шудааст.
== Манобеъ==
* Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.-Д., 2008
Сатри 61:
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]