Кэтрин Зета-Ҷонс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Кэтрин Зета-ҷонс (Catherine Zeta-Jones) 25-уми сентябри соли 1969 дар деҳаи хурдакаке дар наздикии шаҳри Суон...
(бе тафовут)

Нусха 11:18, 28 августи 2007

Кэтрин Зета-ҷонс (Catherine Zeta-Jones) 25-уми сентябри соли 1969 дар деҳаи хурдакаке дар наздикии шаҳри Суонсии Уэлс (Британияи Кабир) ба дунё омадааст. Кэтрин аз хурдсолӣ ба санъат шавқ дошт. ӯ ҳанӯз дар чорсолагӣ сурудхонӣ ва рақскуниро сар карда буд ва зуд – зуд дар намоишномаҳои маҳфилҳои ҳаваскорони маҳаллии назди ибодатгоҳи католикӣ буда иштирок меварзид. Дар синни 10-13 солагӣ бошад ӯ аллакай дар театри касбӣ нақшҳо меофарид. Вақте ки Кэтрин 14-сола шуд, ба шаҳри онҳо барномаи телевизионии машҳуре омад, ки дар он наврасон иштирок мекарданд. Кэтрин дар ин барнома иштирок карда тавонист ва он қадар продюсерҳои онро мафтун кард, ки онҳо ӯро барои давом додани наворгирӣ ба Лондон даъват карданд. ҳамин тавр дар синни 15-солагӣ Кэтрин зодгоҳашро тарк карда, ба ҷустуҷӯи шӯҳрат ба пойтахти Инглистон меояд. Дар саҳнаи театри Лондон ҷонс бори аввал дар намоишномаи мусиқавии «42nd Street» баромад кард. Филми аввалини ҳунарпешаи ҷавон филми коргардони фаронсавӣ Филипп де Брока «1001 ночь» /Les 1001 nuits, 1990/. буд, ки дар он Кэтрин нақши Шаҳрзодаро бозида буд. Вале шӯҳрати ҳақиқӣ баъд аз баромадани силсилафилми «Darling Buds of May» ба даст омад ва он Кэтрин Зета-ҷонсро дар кишвар хеле машҳур гардонид. Рӯзноманигорон дар пайи ӯ афтода буданд ва ҳар як қадамаш ба васоити ахбори омма мубоҳиса мешуд. Кэтрин аз ҳамаи инҳо хаста шуд ва ба худ қарор дод, ки ба ҳолливуд равад. Вале дар Амрико Кэтрин дарк мекунад, ки шӯҳрати беандозааш дар Британия барои амрикоиён аҳамияте надорад ва маҷбур мешавад, ки “роҳи ситорашавӣ”-ро аз нав паймояд. ӯ дар аввал нақши кӯчакеро дар филми «Христофор Колумб: завоевание Америки» /Christopher Columbus: The Discovery, 1992/ соҳиб мешавад. Сипас дар чандин силсилафилмҳои дигар бозӣ мекунад. Соли 1996 нақши асосиро дар силсилафилми телевизионии «Титаник»соҳиб мешавад. ҳангоми ба наворгирии ин силсилафилм Кэтринро Стивен Спилберг, ки ба омода сохтани филми «Маски Зорро» /The Mask of Zorro, 1998/ машѓул буд мебинад. Коргардони филм Матин Кэмпбелл интихоби Спилбергро қабул мекунад ва ҷонс нақши дӯстдоштаи Антонио Бандерас ва духтари Энтонӣ ҳопкинсро меофарад. Филм аз нигоҳи молиявӣ хеле муваффақ омад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Ба Кэтрин акнун нақшҳои бештареро пешниҳод мекарданд ва шӯҳрати ӯ рӯз то рӯз меафзуд. Чанде пас ҳунарпеша дар филми «Западня» /Entrapment, 1999/, иштирок меварзад, ки дар он бо ҳамроҳии худи Шон Коннерӣ нақш меофарад. Соли 2000 Кэтрин бо шавҳари ояндааш Майкл Дуглас дар филми “Трафик” нақш меофарад ва ҳамон сол онҳо хонадор мешаванд. Санъати ҳунарпеша боз ҳам такмил меёбад ва ба ӯ бештар нақшҳоро пешниҳод мекунанд. Соли 2003 Зета-ҷонс барои беҳтарин нақши дуюмдараҷа дар филми мусиқавии “Чикаго” соҳиби ҷоизаи Оскар мегардад. Яке аз филмҳои машҳуртарини ҳунарпеша дар солҳои охир филми «Легенда Зорро» (2005) мебошад, ки дар он Кэтрин боз бо Антонио Бандерас нақш офарид