Отахон Латифӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст, replaced: [[Category: → [[Гурӯҳ: (3)
Сатри 8:
}}
 
'''Отахон Латифӣ''' (тав. [[18 март]]и соли [[1936]] ш. [[Панҷакент]] – даргузат 1998 ш. [[Душанбе]]) - рӯзноманигор, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви [[Комиссияи оштии миллӣ]] (КОМ), с.1997-1998.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 14:
 
== Таҳсил ==
Аз соли 1963 аввал дар нашриёти «Ирфон», сипас дар редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ва баъдан дар дастгоҳи кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси инструктор ифои вазифа намудааст. Аз соли 1967 то соли 1973 аввал мухбири махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон]], баъдан дар тамоми ҷумҳуриҳои [[Осиёи Миёна]] ва [[Қазоқистон]] буд. Кор дар нашрияи “Ирфон”, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва Кумитаи Марказии ЛКСМ-и ҷумҳурӣ барои ташаккул ёфтани Отахон Латифӣ ҳамчун шахсият нақши муҳим бозиданд.
 
== Фаъолият ==
Сатри 21:
Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] иҷборан тарки Ватан карда то соли [[1997]] чанд муддат дар [[Федератсияи Русия]] ва [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои [[Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ]] буд.
 
Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хизматҳои бебаҳо кардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод [[27 июн]]и соли [[1997]] ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт. О.Латифӣ раисии зеркомиссияи КОМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба ӯҳда дошт. Субҳи [[22 сентябр]]и соли [[1998]] Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ кушта мешавад. 26 январи соли [[1999]] ВКД Тоҷикистон изҳор кард, ки яке аз қотилони Латифӣ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ паронда шуд. 7 июни соли [[2000]] бошад, Суди Олӣ Абдулло Турсуновро, ки бевосита Латифиро ҳадафи тир қарор дода буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кард, ҷинояткори дигари ин куштор Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт шудан безарар гардонида мешавад. <ref> [http://www.faraj.tj/index.php?newsid=366]</ref>
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Отахон Латифӣ ҳамчун журналист, сиёсатшиносу сиёсатмадор дар ҷаҳони имрӯза маълуму машҳур аст. Дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ҳаст. Узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистони ҷаҳон буд. Барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
== Некдошти устод ==
'''[[Кароматулло Олимов]]''', узви КОМ саҳми Отахони Латифиро дар ҷараёни музокирот ва барқарорсозии сулҳ хеле муассир арзёбӣ мекунад. Ҷаноби Олимов мегӯяд, ҳарчанд дар ҷараёни музокирот миёни онҳо баъзан баҳсу мунозираҳо ҳам сурат мегирифт, аммо талоши Латифӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани сулҳ эҳсос мешуд : «Дар қабули як силсила санадҳо оид ба масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв, афви онҳое, ки дар муқовиатҳои дохилӣ ширкат кардаанд ва ҳалли масоили вобаста ба сулҳ дар бештари маврид Латифӣ мавқеи муҳим ва мусбат дошт».
 
'''Профессор [[Иброҳим Усмонов]],''' [[рӯзноманигор]], узви КОМ. «Навиштаҳои Латифӣ ба мисли “Высокое гнездо”, “Долгое эхо в горах”, “Ключи к богатству гор”, “Плотина”, “Родники жарких долин”, “Кишлак в Душанбе”, “Откровенный разговор”, “Цена рекорда”,”Рабочего нужно готовить” худ сарлавҳаи ҷолиб доштанд. дар мақолаҳои дусадсатрӣ ва камтар аз он Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, масъалаҳои доғи рӯз бардошта мешуданд, ки миллионҳо хонандагони газетаи “Правда” (адади нашр 12 млн. нусха) дар тамоми гӯшаву канори дунё аз он бохабар мешуданд, роҳбарону мансабдорони сатҳи гуногунро мақолаҳои Латифӣ такон медод. “Латифӣ он чизеро, ки медид ҳамонро менавишт, бинобар ҳамин хонанда он чизеро Латифӣ менавишт, бо чашми худ медид. Латифӣ ҳар чизеро, ки худ дарк мекард, менавишт, бинобар ҳамин хонанда ҳам ба шарафи қалами ӯ ҷаҳонбиниашро васеъ мекард”, - навиштааст профессор И. Усмонов.
 
== Манобеъ ==
Line 39 ⟶ 38:
* [http://www.faraj.tj/index.php?newsid=366 faraj]
 
{{Тоҷикистон}}
 
[[CategoryГурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Рӯзноманигорони Тоҷикистон]]
[[CategoryГурӯҳ:Сиёсатмадорони Тоҷикистонӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[CategoryГурӯҳ:Соли 1936 таваллудшудагон]]