Самариддин Саъдиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст, replaced: ў → ӯ
Сатри 8:
|Вазифа= ҳунарпеша
}}
 
 
'''Самариддин Саъдиев''' (10 [[январ]]и соли [[1918]] ш. [[Самарқанд]] - [[29 май]]и соли [[1983]] ш. Душанбе), ҳунарпешаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва кинои тоҷик, Артисти хизматнишододаи Тоҷикистон.
Line 14 ⟶ 13:
==Ҳолнома==
Самариддин Саъдиев 10 [[январ]]и соли [[1918]] дар ш. [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсоли шавқи санъати театро дӯст дошта дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и ш. [[Самарқанд]] ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард.
Солҳои 1932-1935 дар техникуми театрӣ ва солҳои 1935-1936 дар омӯзишгоҳи мусиқавии ш. [[Тошканд]] таҳсилро давом дода, инчунин берун аз дарс ҳамчун ҳунарпешаи театри «Малые формы» («Нақшҳои хурд») ш. Тошканд баромад мекард. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ, ӯ соли 1936 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпешаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ|Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] ба шаҳри [[Сталинобод]] меояд. С. Саъдиев аз соли 1940 дар театри навташкилшудаи опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва минбаъд солҳои зиёд (1942-1970) дар [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. ҶўраевҶӯраев|Филармонияи давлатии Точикистон]] ҳамчун ҳунарпеша ҳунарнамоӣ намудааст. Дар давоми фаъолияти эъҷодии хеш С. Саъдиев дар кори студияи [[Телевизиони Тоҷикистон]] саҳм гузоштааст. Солҳои аввали фаъолияти эҷодӣ дар [[Телевизиони Тоҷикистон]] - 1959-1960 ӯ ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон дар сарредаксияи адабӣ-драммавӣ кор кардааст.
== Фаъолияти эҷодӣ ==
С. Саъдиев дар катори ҳунарпешаву шоиру нависандагони номдори Тоҷикистон иштирокчии Даҳаҳои адабиет ва санъати тоҷик дар ш. [[Москва]] буд, ки солҳои 1941, 1949 ва 1957 шуда гузаштааст. С. Саъдиев иштирокчии яке аз аввалин озмунҳои Умумииттифоқии артистони эстрада аз Тоҷикистон аст. Даври якӯми озмун дар ш. [[Тошканд]] соли 1946 шуда гузашт. Ӯ ғолиби даври озмуни осиёимиёнагӣ гардида, 20 июл - 2 августи соли [[1946]] дар ш. [[Москва]] дар озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада иштирок намуда Лауреати озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада шудааст. Соли [[1962]] С. Саъдиев барои хизмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва кинои тоҷик унвони Артисти хизматнишододаи (шоиста)и Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Line 27 ⟶ 26:
* «Тӯфон дар водӣ»,
* «Бо завқ нигоҳ кун»
нақшҳои ҷолиб офаридааст.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе,2012, с. 188</ref>
== Мукофотҳо ==
С. Саъдиев барои хизмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва кинои точик бо
Line 35 ⟶ 34:
* «Барои меҳнати шоён» (1950),
* «30 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании с.1941-1945» (1975)
* Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маданияту дигар ташкилотҳо мукофотонида шудааст.<ref name="ReferenceA"/><ref>Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с. 116</ref><ref>Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе,2012, с. 188</ref>
== Манобеъ ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Синамогарони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони телевизиони Тоҷикистон‎]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]