Подшоҳии Бохтари қадим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: ў → ӯ (6)
Сатри 1:
'''Подшоҳии Бохтари қадим'''. Номи Бохтар «бо парчамҳои барафрўхтабарафрӯхта» ҳамчун яке аз кишварҳои ориёӣ дар [[Авесто]] ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти [[Давлати Каёниён]] Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII п.м. ахбори таърихнависони [[Юнони Қадим]] гувоҳӣ медиҳанд. Аз рўирӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ўӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ўӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кўшишҳоикӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.
Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумоти дигар низ њастанд. Мувофиқи ахбори Ктесий лашкари сершумор ва пурзўрипурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд. <ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30. </ref>
 
== Адабиёт ==