Мактабҳои усули нав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: ў → ӯ (16)
Сатри 1:
==Мактабҳои усули нав ([[Мактабҳои усули ҷадид]])==
 
Дар охири асри XIX - аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими [[мактабҳои усули кӯҳна]], тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён (ҷадидон ба монанди [[Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа |Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]], [[Абдуқодир Шакурӣ]], [[Садриддин Айнӣ]], [[Мунзим]], мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд.
Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани [[Осиёи Миёна]] ба империяи [[Русия]] – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пули дар иктисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти [[мактабҳои усули кӯҳна]]и маърифати исломи ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди '''мактабҳои усули нав''' ба миён омад. Зеро, дар мактабҳои усули нав ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини [[ислом]], инчунин, [[риёзиёт]], [[ҷуғрофия]], [[таърих]] ва фанҳои дигари дунявиро меомӯхтанд. Омӯхтани илмҳои дуняви диққати талабагонро бештар ба олами ҳасти ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънави бедор намудани наврасон нақши мусбатро мебозид. Мӯхлати таҳсил дар аксари мактабҳои усули нав чорсола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар [[Тошкент]] шашсола буд.
 
Сатри 7:
 
===Кишвари Туркистон===
Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳалли кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки зудтар оид ба таќдири халќи худ чораҳои амалие андешанд. Бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, мулло Салоҳиддин, - с. 1898 дар ҚўқандҚӯқанд, мулло Шамсиддин - с.1899 дар Андиҷон ва қори Манон - дар Тошкент мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ўзбекӣӯзбекӣ ташкил ёфтанд.
 
Нахустин мактаби форсии тоҷикӣ бо ташаббуси маорифпарвари самарқандӣ - '''Абдуқодир Шакурӣ''' кущода шудааст. '''Мактаби аввалин с. [[1901]]''' дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри [[Самарқанд]] кушода шуд. Баъдтар, Абдуқодир Шакурӣ дар деҳаи Раҷабамини [[Самарқанд]] ва с.1903 дар гузари ҚўшҳавзҚӯшҳавз мактабҳои усули навро бунёд намудааст. [[Садриддин Айнӣ]] с. [[1908]] ҳангоми бори аввал ба [[Самарқанд]] сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рўзирӯзи шиносои бо мактаби Абдуқодир Шакурӣ сар карда, мегўядмегӯяд ўӯ “фикри мактаб тамоми маѓзи моро ишѓол кард.”
А. Шакурӣ инчунин барои мактаб дастурҳои таълими - махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ўӯ аввалин китоби алифбои форсии-тоҷикии мактабҳои усули нав - “Роҳбари савод”, китобҳои қироати адаби - “Чомеъулҳикоёт”, “Зубдатулашъор” тааллуқ дорад.
Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо волидайни талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.
Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари [[Туркистон]] сол аз сол меафзуд. Агар соли [[1910]] шумораи мактабҳои усули нав дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли [[1911]] онҳо ба '''68 адад''' расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрўзаиимрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ - собиқ уезди [[Хуҷанд]], волостҳои [[Панҷакент]], [[Конибодом]] ва [[Исфара]] '''7 адад мактабҳои усули нав''' амал мекарданд.
 
===Аморати Бухоро===
Аввалин кўшишикӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло ЧўрабойиЧӯрабойи Пирмастӣ (с. 1900) мансуб аст. Вале мактаби ўӯ ба ќадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рўрӯ, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амир эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили [[мактабҳои усули ҷадидия]] ягон монеъа намекарданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онњо забони таълим низ тоторӣ буд, барои тањсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариќи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.
 
'''Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода ([[Мунзим]]) ва [[Садриддин Айнӣ]] дар шаҳри Бухоро''', дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷики кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба тањсил мекард. С.Айнӣ ва [[Мунзим]] сараввал дар такмили маҳорати омўзгорииомӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории [[Бухоро]] такя намудаанд. Онҳо барои аз љиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сўмсӯм ҳаќќи таълим муайян намуда, фаќирбачагонро бепул ќабул кардаанд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарси тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи “мактаби Мунзим” маълум аст.
Дар мактаби М.А.Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо маќсади бартараф намудани ин норасои, с. 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутќ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро њозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарси “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи љавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.
 
Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси [[Мунзим]], махсус барои калонсолони бухорои, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ўӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рўзрӯз ду соат таълим медод.
Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале '''25 сентябри соли 1909''', бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тотори ҳам манъ намуданд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.</ref><ref> Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010</ref>
==Нигаред==
* [[Мунзим]]