Томирис: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х илова |
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: ў → ӯ (7) |
||
Сатри 2:
== Порчае аз китоби Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I ==
=== Нияти [[Куруши Кабир]]===
[[Куруши Кабир]]-ро вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне [[Осиёи Миёна]], доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят
Он вақт ҳукмрони сакоиҳо (масагетҳо - юнонӣ) Малика Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Дар тафсилоти Трог-Юстин, дар ибтидо писари Томирис кушта шуда будааст.
=== Аз тафсилоти Трог-Юстин ===
Куруш баъди ҳуҷуми сакоиҳо гуё фирор намуд. Писари Томирис ва сарбозонаш аз ғалабаи аввалин
Малика Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии
===Ҳикояти Геродот===
:Ҳикояти Геродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис, менависад Геродот, - на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205).Писари Томирисро Спаргапис меномиданд вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст. Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: "... Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки баробариҳо штирок доштаанд,шадидтар. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст:аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст" (Геродот, I, 214). Страбон ба (IX,8,5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.
Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти [[Куруши Кабир]] соли 530 пеш аз милод рӯй додааст. Дигар дар бораи Томирис иттилооти аник нест.
Сатри 18:
== Пайвандхои беруна ==
* [http://www.turklib.ru/?category=military_history&altname=carica_massahetov_tomiris ЦАРИЦА МАССАГЕТОВ ТОМИРИС]
*[http://www.tarih.tj/ Таърихи Тољикистон]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
|