Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: Иловаи гурух
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: ў → ӯ (6)
Сатри 3:
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омବдани поезд шурӯъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомон¬даи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт.
==Ибтидо==
[[18 май]]и соли [[1930]] трести истеҳсоли филми “Тоҷиккино” ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Трест ҳанўзҳанӯз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт. Ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои кӯҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд. Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару шутуру асп ва гоҳе, агар омад кунад, бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд ва филмҳо сохта, таърихи сарнавишти нави мардуми моро дар навор сабт мекарданд.
Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле соддаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
 
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти [[Комил Ёрматов]] сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад.[[«Муҳоҷир» (филм) |Филми «Муҳоҷир»]] (соли 1934 , коргардон [[Комил Ёрматов]]), барҷастатарин филми бадеии беовози [[тоҷик]] маҳсуб мешавад.
Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи [[Комил Ёрматов]] ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик [[София Тӯйбоева]] бозӣ кардаанд. Аз ин хотир таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз он давра ва аз он омил ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ – [[Комил Ёрматов]] (таҳиягар, филмноманавис, актер), [[София Тӯйбоева]] (актриса) [[Фирӯз Баҳор]] (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актерон), Қ.Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М.Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон рӯйи саҳнаи кино омаданд ва бо масъулияти том рӯзгори миллаташонро дар пардаи кино муаррифӣ карданд. Зимнан ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки саҳми бебаҳои кинематографистони рус ва халқҳои дигар дар таъсиси кинои тоҷик инкор шавад. Ин афрод дар тавлиди кинематографияи миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Аммо табиист, ки бунёдгари фарҳанги миллӣ ғолибан намояндагони худи ҳамон миллат шуда метавонистанд.
Маҳз ҳамин масъала боис шуд, ки баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Тоҷикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кўшишикӯшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38 с.</ref>
 
== Эҳё ва рушд==
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар [[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. ЎӮ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
 
[[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.
Сатри 29:
* [[Валерий Аҳадов]] - “Дарвеши ланг” (соли 1986), “Асрори оила” (соли 1983);
* [[Елизавета Кимёгарова]] - “Қиссаҳои Муки кӯчак” (соли 1983)
ба саҳифаи таърихи кинои тоҷик ҳамчун филмҳои беҳтарини давраи шӯравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Евгений Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми “Офтоби дурахшони биёбон” машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар “Тоҷикфилм” шурӯъ кардааст. Филме, ки ӯ таҳти унвони “Бачаҳои Помир” (соли 1963) ба навор гирифтааст, бо худ давраи нави гуяндагиро ҳам дар самти “забони филм” ва ҳам дар маҷмӯъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38<name="ReferenceA"/ref>
 
==Солҳои 80 ва аввали 90 ==
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шўравирошӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон - [[Майрам Юсуфова]], Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, [[Гулбаҳор Мирзоева]], Толиб Ҳомидов, [[Сайф Раҳимзоди Афардӣ]], [[Бахтиёр Худойназаров]], Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои “Айёми алафҳои зард” (соли 1991), “Мусофир” (соли 1989), “Братан” (ё “Бародар”, соли 1991), “Ситораҳои сари танур” (соли 1991), филмҳои кӯтоҳметараи ҳунарии “Панҷара” (соли 1989), “Чоҳ” (соли 1991), “Хоби бедорӣ” (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони ҷадиди кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
== Солҳои Истиқлолият==
Баъди пош хўрданихӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд.
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шӯҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г.Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38<name="ReferenceA"/ref>
 
Маҳз дар ҳамин партав аввалин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби Носир Саидов дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009). Филм то ин дам соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гаштааст. Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира хеле фаъолона бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак эҷод менамоянд.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҳар ду сол кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрўзимрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38<name="ReferenceA"/ref>
 
{{ҷавона}}
 
== Манбаъ ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Синамои Тоҷикистон|*]]