Варзоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
х Вироиши 90.35.170.112 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом...
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: чойгир → ҷойгир
Сатри 2:
[[Акс:Рамзи табиат дар Варзоб.jpg|thumb|Рамзи табиат дар Варзоб]]
==Минтақаи истироҳат==
'''Варзоб''' — минтақаи истироҳат дар [[Тоҷикистон]] мебошад, ки 8 км дур аз [[Душанбе]] аст. Аз дара [[Дарёи Варзоб|дарёи Варзоб]] ҷорӣ мешавад Ҳафт дарёчаҳои кӯҳӣ : [[Симиганҷ]], [[Сиёма]], [[Вахш]], [[Сии]], [[Амоо]], [[Сокхоб]] ба он ҳамроҳ мегардад.
Дар дараи хушманзараи истироҳат - кӯли сунъии Варзоб, осоишгоҳҳои табобатии "Хоҷа обигарм" ва "Харангон", якчанд осоишгоҳҳои тандурустиву фароғатӣ барои кӯдакону наврасон амал мекунанд. Инчунин, дар қишлоқи Пугус - зиёратгоҳи тобистонаи ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд шудааст. Лаб-лаби дарёи Варзоб осоишгоҳҳои гуногуни боҳашамати ширкатҳо ва шахсҳои воқеӣ сохта шудаанд. Соли [[2011]] ба воситаи дараи Варзоб [[Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак |роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак (сарҳади Ўзбекистон)]] ба истифода супорида шуд. Роҳи номбурда натанҳо барои рушди иқтисодии [[ноҳияи Варзоб]], инчунин, барои сокинони пойтахт ва саёҳатчиён имконият дод, ки бемалол рафтуомад кунанд ва аз манзараҳои Варзоб ҳаловат баранд.
==Қишлоқи Варзоб==
'''Варзоб''' - номи қишлоқ аст, ки 25 км аз [[Душанбе]] чойгирҷойгир аст.
== Варзоби нав ==
Дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ дар соҳили рости дарё болотар аз қишлоқ шаҳраки маъмурии ноҳия - ''Варзоби нав'' бунёд гардидааст. Дар инҷо бинои ҳукумати [[ноҳияи Варзоб]] ва дигар идораҳои маъмурӣ ҷойгир шудаанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Варзоб"