Мактабҳои усули нав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: ў → ӯ (16)
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Мактабҳои усули нав ([[Мактабҳои усули ҷадид]]): бот викифонида истодааст, replaced: ) як → ) — як
Сатри 1:
==Мактабҳои усули нав ([[Мактабҳои усули ҷадид]])==
 
Дар охири асри XIX - аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими [[мактабҳои усули кӯҳна]], тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён (ҷадидон ба монанди [[Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа|Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]], [[Абдуқодир Шакурӣ]], [[Садриддин Айнӣ]], [[Мунзим]], мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд.
Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани [[Осиёи Миёна]] ба империяи [[Русия]] – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пули дар иктисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти [[мактабҳои усули кӯҳна]]и маърифати исломи ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди '''мактабҳои усули нав''' ба миён омад. Зеро, дар мактабҳои усули нав ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини [[ислом]], инчунин, [[риёзиёт]], [[ҷуғрофия]], [[таърих]] ва фанҳои дигари дунявиро меомӯхтанд. Омӯхтани илмҳои дуняви диққати талабагонро бештар ба олами ҳасти ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънави бедор намудани наврасон нақши мусбатро мебозид. Мӯхлати таҳсил дар аксари мактабҳои усули нав чорсола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар [[Тошкент]] шашсола буд.