Устура: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 17:
Тасаввуроти асотирии космогонӣ ва антропологӣ (оид ба пай­доиши оламу одам)-и ниёгони халқи тоҷик дар давраҳои қадим пайдо шуда, дар оғози асрҳои миёна ташаккули бештар ёфта, торафт мураккабтар гардидааст. Дар ин бобат якчанд устура вуҷуд доранд, ки маъмултаринашон пайдоиши нахустин ҷуфти инсонӣ аз ҷасади Каюмарс ва барзагови ӯ мебошад. Каюмарс ва барзагови ӯ дар ду соҳили дарёи афсонавии Даитйа мезистанд. Аҳриман бо лашкариёни худ онҳоро нобуд кард. Аз ҷасади Каюмарс ду бутта ба мисли ревоҷ сабз шуд. Онҳо Машйо ва Машйонак (Марйо ва Марйонак, Малҳйо ва Малҳйонак ва ғайра) ном гирифтанд ва мувофиқи тасаввуроти қадими эро­ниён сарнасли инсоният мебошанд. Аз ҷасади гов филиззот, ҳар гуна гиёҳу рустаниҳо, дарёҳо ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи тасаввуроти асотирии эрониёни қадим, ки дар Авесто сабт аст, дунё ба ҳафт иқлим тақсим мешавад ва Аирйана-Ваеҷа – кишвари ориёниён дар марказ ҷой гирифтааст. Рӯди Воурукаша (фарохканор) дар марзи ин кишвар ҷорист.

Тасаввуроти эсхатологӣ (оид ба биҳишт, дӯзах, охират)-и эрониёни қадим эсхатологияи дини зардуштӣ мебошад. Мувофиқи он, равони мардум пас аз марг ба биҳишт ё дӯзах меравад. Барои ба дӯзах ё биҳишт рафтани мурдагон Митра, Рашн ва Сурӯш довар таъйин шудаанд. Онҳо гунаҳкор ё бегуноҳ будани мардумро муайян мекунанд. Мардум бояд аз болои пули Чинвот, ки чун мӯй борик аст, бигузаранд. Танҳо бегуноҳон аз он гузашта метавонанд. Тасвири дӯзаху биҳишт дар асари паҳлавии «Ардавирофнома» омадааст.

Оид ба «асри тилоӣ», ҳодисаи табиии ба [[Тӯфони Нӯҳ]] монанд (ниг. [[Вари Ҷамкард]]) ва дигарон мавзӯъҳо дар байни ниёгони халқи тоҷик асотир ба вуҷуд омадаанд.

Пас аз зуҳури ислом ва паҳн шудани он дар Эронзамин асотири мусулмонӣ интишор ёфт ва он ҷои баъзе тасаввуроти асотирии эрониёнро гирифт. Баъзе образҳои асотирии эронӣ ба таъсири ислом дучор гардида, мазмуну мундариҷа ва сужети нав пайдо карданд. Масалан, ба ҷои мурғони шоҳин ва ҳумо мурғи анқо машҳур шуд. Ба ҷои офариниш (махлуқот)-и бади қадимии эронӣ ҷинну аҷина, албастӣ, [[ғӯл]] (ғӯли биёбонӣ) ва ғайра маъмул гардиданд. Тасаввурот оид ба пайдоиши олам ва одам низ тағйир ёфт.

Асотир аз оғози пайдоиши худ ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии инсони ҷамъияти ибтидоиро ифода карда, хусусияти маърифатӣ дошт. Аз асотир дар осори санъати рассомӣ, меъморӣ ва махсусан адабиёти бадеӣ фаровон истифода шудааст. Аксар муҷассамаҳои осори санъати рассомии Эрону Юнон ва кишварҳои Аврупо аз замонҳои қадим то имрӯз дар асоси асотир эҷод гардидаанд.

Асарҳои [[Ҳомер]] («[[Иллиад]]а», «[[Одиссея]]»), Гесиод, Пиндар, [[Эсхил]], Еврипид ва дигарон муаллифони [[Юнони Қадим|Юнону]] [[Рими Қадим]] дар заминаи асотири юнонӣ навишта шудаанд. Адибони Аврупои Ғарбӣ Ч. Диккенс, Э. Золя, Т. Манн, Гёте, Шеллинг, Ф. Кафка, Ж. П. Сартр, Ҷ. Ҷойс, Ҷ. Апдайк, У. Фолкнер, Гарсиа Маркес ва дигарон дар осори худ аз асотири Юнони Қадим ва халқҳои дигари олам истифода бурдаанд. Дар осори таърихӣ ба забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигарон асарҳо асотир ва чеҳраҳои асотирӣ бо табдили шакл (трансформатсия) ба кор бурда шудаанд.

Дар эҷодиёти шоирону нависандагони халқҳои собиқ шӯравӣ М. А. Булгаков, Ч. Айтматов, О. Сулаймонов, асотир Ким, Т. Пӯлодов, Г. Матевосян, О. Чиладзе (асараш оид ба аргонавтҳо), Ю. Марсинкявичус, асотир А. Вознесенский, Ю. П. Кузнетсов ва дигарон мавзӯъ ва чеҳраҳои асотирии миллӣ ва асотири умумиҷаҳонӣ мавҷуданд.
Симоҳои асотирӣ ва мавзӯъҳои асотирӣ дар осори манзуму мансури адибони тоҷик асотир Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ (шеъри «Користон», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»), Сорбон, Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон ба назар мерасанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Устура"