Фарқият байни намунаҳои "Устура"

Асарҳои [[Ҳомер]] («[[Иллиад]]а», «[[Одиссея]]»), Гесиод, Пиндар, [[Эсхил]], Еврипид ва дигарон муаллифони [[Юнони Қадим|Юнону]] [[Рими Қадим]] дар заминаи асотири юнонӣ навишта шудаанд. Адибони Аврупои Ғарбӣ Ч. Диккенс, Э. Золя, Т. Манн, Гёте, Шеллинг, Ф. Кафка, Ж. П. Сартр, Ҷ. Ҷойс, Ҷ. Апдайк, У. Фолкнер, Гарсиа Маркес ва дигарон дар осори худ аз асотири Юнони Қадим ва халқҳои дигари олам истифода бурдаанд. Дар осори таърихӣ ба забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигарон асарҳо асотир ва чеҳраҳои асотирӣ бо табдили шакл (трансформатсия) ба кор бурда шудаанд. <br />
Дар эҷодиёти шоирону нависандагони халқҳои собиқ шӯравӣ М. А. Булгаков, Ч. Айтматов, О. Сулаймонов, асотир Ким, Т. Пӯлодов, Г. Матевосян, О. Чиладзе (асараш оид ба аргонавтҳо), Ю. Марсинкявичус, асотир А. Вознесенский, Ю. П. Кузнетсов ва дигарон мавзӯъ ва чеҳраҳои асотирии миллӣ ва асотири умумиҷаҳонӣ мавҷуданд.
Симоҳои асотирӣ ва мавзӯъҳои асотирӣ дар осори манзуму мансури адибони тоҷик асотир [[Абулқосим Лоҳутӣ|Лоҳутӣ]], [[Муъмин Қаноат]], [[Лоиқ Шералӣ|Лоиқ]] (шеъри «Користон», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»), [[Сорбон]], [[Сайфи Раҳимзод|Афардӣ]], [[Баҳманёр]] ва дигарон ба назар мерасанд.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]