Ишқобод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: АШҚОБÓДعشقآبادАшкобод, Ишқобод (то соли 1919 Асхабат, солҳои 1919–27 Полторатск), пойтахти Ҷумҳури...
 
No edit summary
Сатри 1:
АШҚОБÓДعشقآبادАшкобод'''АШҚОБÓД'''([[Забони порсӣ|форсӣ]]:عشقآباد) Ашкобод, Ишқобод (то соли 1919 Асхабат, солҳои 1919–271919–1927 Полторатск), пойтахти [[Ҷумҳурии Туркманистон]]. Ашқобод. мақоми вилоят дорад. Ашқобод дар ҷануби кишвар, дар ҳамвории назди доманаи кӯҳи Копетдоғ (минтақаи зилзиладор) дар воҳаи Аҳал ҷой гирифтааст (дар баландии 214–240 м аз сатҳи баҳр). Дар зилзилаи сахти с. 1948 шаҳр тамоман хароб гардида, зиёда аз 160 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Аҳолиаш 827,5 ҳазор нафар (2009). Роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан марказро бо вилоятҳо пайваст мекунанд. Аз шимоли Ашқобод наҳри Қароқум мегузарад. Дорои фурудгоҳ ва роҳи оҳани байналмилалист. Ашқобод с. 1881 чун истеҳкоми ҳарбии Россия дар ҷойи харобаи Асхабат бунёд ёфтааст. Таърихи қадимӣ ва асримиёнагии Ашқобод бештар мутааллиқ ба шаҳри Нисо (ниг. Нисо) аст. Аз он ҷо ёдгорҳои замони Ашкониён ёфт шудааст, ки ба таърихи яке аз давлатҳои бузурги аҷдоди тоҷикон–Ашкониён тааллуқ доранд. Аз охири асри 19 ва аввали асри 20 Ашқобод маркази ҳаракати инқилобии Закаспий (паси Каспий) буд. Аз с. 1882 маркази вилояти Закаспийи генерал-губернатории Туркистон гардид. Баъди насби роҳиоҳани Закаспий (1885) ба маркази муҳимми алоқаи тиҷоратии Империяи Россия бо мамлакатҳои Шарқ (махсусан Эрон) табдил ёфт. Моҳи декабри 1917 дар Ашқобод ҳокимияти шӯравӣ барқарор шуда, июли 1918 Ашқободро эсэрҳо–дастаи гордҳои сафед ишғол карданд. 9 июли 1919 шаҳр боз ба дасти болшевикон гузашт. Солҳои 1919–24 Ашқобод маркази ҶҲШС Туркистон дар ҳайати РСФСР буд. Бо ташкил шудани ҶШС Туркманистон (27 октиябр 1924) пойтахти он гардид. Ашқободкалонтарин маркази иқтисодию саноатии мамлакат мебошад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ, коркарди филизз, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, электротехникӣ. Комбинати шишасозии Ашқобод дар Осиёи Марказӣ калонтарин мебошад. Ашқобод фабрикаи қолинбофӣ дорад. Дар охири асри 20 баъди заминларза шаҳр аз нав обод гардид. Биноҳои нави ба зилзила тобовар сохта шуданд. Ибтидои асри 21 аз рӯйи лоиҳаи меъморони хориҷӣ дар маркази шаҳр бинои Шӯрои Халқ, Қасри эҳёи миллӣ, иншооти майдони Бетарафӣ, бинои фурудгоҳи байналмилалӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ашқобод маркази илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар Ашқобод Академияи Илмҳо Туркманистон, 35 муассисаи таҳқиқоти илмӣ, зиёда аз 10 мактаби олӣ (донишгоҳҳои тиббӣ, политехникӣ, санъат, кишоварзӣ), театрҳо, (аз ҷумла Театри опера ва балети Туркманистон, Театри академии драмаи ба номи Мулло Нафас), нашриёт («Туркманистон» ва «Илм»), осорхонаҳо (Осорхонаи санъати тасвирӣ, осорхонаи таъриху этнография, с. таъсис 1881), китобхонаҳо, сирк, варзишгоҳҳо (калонтаринаш «Копетдоғ»), филармонияи давлатӣ, киностудияи «Туркманфилм», маркази телевизион, пойгоҳҳои радиошунавонӣ фаъолият доранд. Дар атрофи Ашқобод ёдгорҳои таърихӣ-бостоншиносӣ боқӣ мондаанд. Муҳимтарини онҳо харобаҳои мақбараи Анов (9 км шарқтар) ва мамнӯъгоҳи шаҳри қадимаи Нисои Куҳна мебошад. Аз с. 1991 сар карда дар Ашқобод биноҳои бо услуби шарқӣ иморатшуда қомат афрохтанд. Дар Ашқобод рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони туркманӣ ва русӣ нашр мешаванд. «Ашгабат акшами» нашрияи ҳукумати шаҳри Ашқобод мебошад. Дар масофаи 39 км аз А. дар доманаи шимолу шарқии Копетдоғ шаҳрчаи курортии Фирӯза ҷой гирифтааст. <br />
Адабиёт.: Мальколм Колледж. Парфяне. М. 2004; Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.