Асрҳои байнияхбандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''АСРҲÓИ БАЙНИЯХБАНДӢ''', интерглятсиал, фосилаи вақтии давраи яхбандӣ, ки асрҳоро аз ҳам ҷудо... |
No edit summary |
||
Сатри 1:
'''АСРҲÓИ БАЙНИЯХБАНДӢ''', интерглятсиал, фосилаи вақтии давраи яхбандӣ, ки асрҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Асрҳои байнияхбандӣ аз давраи яхбандӣ бо иқлими гарм, кам шудани масоҳат ё нобудшавии қабати ях дар арзҳои миёна фарқ мекунад. Давраи геологии ҳозир (антропогенӣ) бо таносуби 8:2 байни яхбандӣ ва асрҳои байнияхбандӣ ва давомнокии тақрибан 20 ҳазор сол мебошад. Иқлими Замин на ҳамеша бо ивазшавии Асрҳои байнияхбандӣва давраҳои яхбандӣ тавсиф мешуд. Мисоли иқлими гарми устувор давраи палеоген (давомнокиаш тақрибан 40 млн сол) мебошад.
== Асрҳои байнияхбандии муосир == Давраи ҳароратҳои баландтарини ҳар як асрҳои байнияхбандӣ «оптимуми иқлимӣ»-и он номида мешавад. Асрҳои байнияхбандии муосир, ки давраи сардшавиро иваз намуд («дриаси дер»), голотсен номида шудааст, ки тақрибан 12 ҳазор сол қабл аз ин оғоз ёфтааст. Оптимуми иқлимии голотсен (ба ном «оптимуми Атлантика»), ки аз оптимуми иқлимии муосир 1–3оС баланд аст, тақрибан аз 9 то 5 ҳазор сол қабл давом ёфт. Давомнокии голотсен аз 10 то 20 ҳазор сол буда, итмоми он ва оғози давраи нави яхбандиро пас аз чанд ҳазор сол интизор шудан лозим аст. == Давраҳои таърихии асрҳои байнияхбандӣ==
|