Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''АСТРОФЍЗИКА''', '''ахтарфизика''', фасли ахтаршиносӣ, ки падидаҳои физикаӣ ва инчунин...
 
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Radiotelescope RTF32 Zelenchuk.jpg|thumb|352x352px|Радиотелескопи RTF32 ]]
'''АСТРОФЍЗИКА''', '''ахтарфизика''', фасли ахтаршиносӣ, ки падидаҳои [[физика|физикаӣ]] ва инчунин равандҳои кимиёвии [[ҷирмҳои осмонӣ|ҷирмҳои осмониро]] меомӯзад. Астрофизика аз қисмҳои назария­вӣ ва амалӣ иборат аст. Астрофизикаи амалӣ бо бунёди усулҳои таҳқиқи ҷирмҳои осмонию муҳити байниситорагӣ ва сохтани асбобу афзори мушоҳида машғул аст. Астрофизикаи назариявӣ ба усулҳои физикаи назариявӣ такя карда, маълумоти астрофизикаи мушоҳидавиро ҷамъбаст мекунад. Астрофизикаро вобаста ба объекти таҳқиқот ба физикаи Офтоб, физикаи ситораҳо, физикаи зузанабу шиҳобҳо, физикаи ашёи берунигалактикӣ ҷудо мекунанд. Вобаста ба усулҳои хоссаи таҳқиқ астрофизикаи амалӣ ба астроаккосӣ (гирифтани сурати ашёи осмонӣ), астрофотометрия (омӯзиш ва санҷиши дурахши ҷирмҳои осмонӣ), [[астроспектроскопия]] (омӯзиши спектрии ҷисмҳои осмонӣ ва муайян кардани ҳаракат, чархиш, таркиби кимиёвӣ ва ҳарорати онҳо) ва [[радиоастрономия]] (омӯзиши радиотобишҳои ситораҳову фазои байниситорагӣ бо ёрии радиотелескопҳо ва таҳқиқи сатҳи ҷирмҳои осмонии наздиктарин бо ёрии радиолокаторҳо) ҷудо мешавад.
Астроаккосӣ ба гирифтани акси объектҳои осмонӣ, астрофотометрия ба омӯзишу андозагирӣ кардани дурахши ҷирмҳои осмонӣ (зоҳирӣ, фотографӣ ва фотоэлектрикӣ), астроспектроскопия ба омӯзиши тайфии ҷирмҳои осмонӣ ва аз рӯйи он муайян кардани ҳаракат, гардиш, таркиби кимиёӣ ва ҳарорати онҳо, радиоастрономия ба омӯзиши радиоафканишоти ситораҳо ва фазои байниситорагӣ (бо ёрии радиотелескопҳо) ва таҳқиқи сатҳи ҷисмҳои осмонии наздиктарин (бо ёрии радиолокаторҳо) машғуланд. Астрофизикаи назариявӣ назарияи сохти дохилии ситораҳо, физикаи атмосфераи ситораҳо, туманоти газӣ ва фазои байниситорагӣ, назарияи таҳаввулоти ҷирмҳои осмонӣ ва умуман пайдоиши унсурҳои кимиёвиро дар бар мегирад. Фасли дигари астрофизикаи назариявӣ астрофизикаи ядроӣ аст, ки вазифаҳои асосии он аз омӯзиши сохти дохилии ситораҳо, бо усулҳои физикаи назариявӣ шарҳ додани лағзиши сурх дар спектри ҷирмҳои дуртарини кайҳонӣ, мувозанати энергетикии ситораҳову квазарҳо (манбаъ­ҳои пуриқтидори радио­то­бишҳо), сохтори спектрии тобиши кайҳо­нӣ, инкишофи назарияи таҳаввул ва ташаккули ҷирмҳои кайҳонӣ иборат аст.