Абдумалик Баҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст, replaced: [[Category: → [[Гурӯҳ:
No edit summary
Сатри 8:
|Вазифа=[[нависанда]], [[фантаст]], [[шоир]]
}}
БАҲОРӢ Абдумалик (насаб Раҳмонов; 22.3.1927, Хуҷанд – 3.12.2010, Душанбе), нависанда, шоир ва драматурги тоҷик.
 
'''Баҳорӣ Абдумалик''' - ([[22 Март]], [[1927]] [[Хуҷанд]] - [[4 декабр]], [[2010]], [[Душанбе]]), шоир, драматург ва насрнависи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.Нависандаи халқии Тоҷикистон (1950). Дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]
==Зиндагинома==
Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1984). Хатмкардаи факти забон ва адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1946). Дар Институти мазкур муаллим ва дар бахши ленинободии Кумитаи радиошунавонии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1946–1950) кор кардааст. Муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон» (1951–56), мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва ҷонишини муҳаррири г. «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1956–61), муҳаррири маҷалаи «Садои Шарқ» (1961–65), сармуҳаррири коллегияи барномавии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1965–72), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972–75), мушовири адабии Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон (1975–79) ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1979–87) буд. Аз с. 1987 то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст.
Аз оилаи бофанда. [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров|Донишкадаи педагогии Ленинобод]]ро [[соли 1946]] хатм кардааст.
 
Фаъолияти меҳнатиашро чун омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти ин донишкада оғоз намуда, аз соли 1951 дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" чун муҳаррир, дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" чун мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррир кор карда, солҳои 1961-1965 муҳаррири маҷаллаи "Садои Шарқ" буд. Баъдтар дар Вазорати фарҳанг, нашриёти "Ирфон" ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт. Баҳорӣ асосгузори жанри фантастикии адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҷодаи назм низ комёб гардид. Муаллифи китобҳои "Сарахбори зиндагӣ", "Дили беқарор", "Дӯстон", "Қарзи дӯст", "Ватани Манас", "Гирдоб", "Сунбула", "Занбӯри айнакдор", "Аҷоиботи Нодар", "Бозгашт", "Сандуқи пӯлодин", "Ҷасорати доктор Минур" ва ғайраҳо мебошад. Баҳорӣ дар песаҳои эҷодкардаи худ тавонист, масъалаҳои ҳалталаби рӯзро мавриди тасвир қарор диҳад ва қисми зиёди песаҳояш дар театрҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шудаанд. А.Баҳорӣ бо эҷоди асарҳои фантастикии худ тавонист, дар пешрафти ин жанри адабӣ ҳиссаи муносиб гузорад ва барои хонандаи тоҷик асарҳои дорои ғояи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва баландмазмун офарад.
Баҳорӣ фаъолияти адабии худро ҳамчун шоир оғоз намуда, пас ба эҷоди асарҳои публитсистӣ, насрӣ, драматургия, тарҷума ва адабиётшиносӣ шурӯъ кардааст. Мавзӯи аввалин шеъру сурудҳои ӯ («Посбони сулҳ», «Сарзамини хуррами доимбаҳор», «Сафи мубориз», «Ҳамдард даркор» ва ғ.) ҳодисаҳои солҳои бачагӣ, заҳмати содиқонаи коргарону кишоварзон, қаҳрамонии ҷанговарон ва муҳаббат ба Ватан буданд. Аввалин шеърҳои Баҳорӣ дар маҷмӯаҳои «Саҳнаи қаҳрамонӣ» (1951), «Таронаи мулки озод» (1953) гирд оварда шудаанд. Баъдан шеърҳо ва ҳикояҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Одамони шинос» (1958), «Сарахбори зиндагӣ» (1959), «Дили беқарор» (1962) ва «Ҷавоби ошиқ» (1965) чоп шуданд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқу муҳаббати поки инсонӣ, васфи диёри маҳбуб, манзараҳои дилкаши он, васфи заҳматкашони кишвар, одамони касбу корашон гуногун мебошанд. Солҳои 60–70 а. 20 низ Баҳорӣ шеъргӯиро идома дод ва маҷмӯаҳои дигари ашъораш ба табъ расиданд («Умеди равшани дил», 1998; «Сарпаноҳ», 2004 ва ғ). Баҳорӣ дар шеърҳои дар ин маҷмӯаҳо ҷойдодааш аз ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, фаъолияту зиндагии мардум, хислатҳои ҳамида ва қимати инсон сухан кардааст. Масъалаи тарбияи ахлоқи нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ мудом дар маркази диққати шоир қарор дошт. Хидмати Баҳорӣ дар пешравии насри адабиёти муосири тоҷик, махсусан насри фантастикӣ намоён аст. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷикӣ нахустин адибест, ки ба эҷоди асарҳои фантастикӣ оғоз карда, чун поягузори насри фантастикии тоҷик эътироф гардидааст. Соли 1970 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои фантастикии ӯ «Ҷуръати доктор Мансур» ба табъ расид, ки ба он «Сандуқи пӯлод», «Мурофиа», «Нақли Ашани пир» ворид шуданд. Баҳорӣ жанри мазкурро такмил дода, қиссаҳои сегонаи «Занбӯри айнакдор» (1971), «Аҷоиботи Нодар» (1971) ва «Бозгашт» (1973), инчунин повестҳои «Сунбула» (1974), «Бачаҳои чобуксавор» (1976), «Фирори ассистент» (1979), «Шоҳидони шаҳид» (1981), «Соҳили мурод» (1992), «Умеди ягона» (1993), «Марди мастур» (1996), «Баҳси нотамом» (2001), «Мулоқот» (2003), романи фантастикии «Қудрати илоҳӣ»-ро эҷод намудааст. Баҳорӣ дар асарҳои фантастикӣ масъалаҳои муҳимми илму техника ва тақдиру ояндаи инсонро тасвир намудааст. Қиссаҳои фантастикии ӯ сужетҳои ҷолиб, воқеаҳову ҳодисаҳои аҷиб ва ҷанбаи амиқи илмию бадеӣ доранд. Хусусияти асосии қиссаҳои адиб ду самти асосиро дар бар мегирад: тасвири воқеаҳои фавқулода ва муносибати ошиқонаи қаҳрамонони асарҳо. Асарҳои мазкур аҳаммияти зиёди маърифатӣ, зебоипарастӣ ва бадеӣ доранд. Повестҳо ва ҳикояҳои воқеии Баҳорӣ низ ҷолиб ва таъсирбахшанд. Дар қиссаҳои «Қаймоқи гирди коса» (1975), «Гирдоб» (1977), «Ду моҳи пурмағал» (1980), «Ҷабрдида» (1984), «Тирукамон» (1986), «Дили гумҷӯ» (1988), «Дастовез» (2002), «Панди ҳаёт» (2005) муаммоҳои ҳалталаби ҳаёт, воқеаҳои муҳимми зиндагӣ, ишқу муҳаббати ҷавонон, адои қарзи инсонӣ дар назди халқу Ватан инъикос ёфтаанд. Баҳорӣ аз аввали солҳои 60-ум ба навиштани асарҳои саҳнавӣ оғоз намуда, як қатор асарҳои ҷолиб офаридааст. Вай дар тӯли фаъолияти минбаъда пйесаҳои «Роҳи сафед» (1962), «Ишқи мансабдор» (1964), «Фармони Кадушоҳ» (1965), «Корвон равон аст» (1967), «Хан¬даҳои ашколуд» (1969), «Рӯзи таваллуд» (1970), «Се нафар хушдор» (1972), «Меҳмони серӯза» (1975), «Сирри пурасрор» (1978), «Фолбин» (1980), «Баҳодур» (1983), «Сӯиқасд» (1995), «Фасли хазонрез» (1999), «Рӯзҳои арафа» (2004)-ро эҷод кардааст.
==Мукофот==
 
Абдумалик Баҳорӣ дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ буда, бо унвони фахрии Нависандаи Халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Баҳорӣ асарҳои саҳнавии ҳаҷвии ҷолиб офаридааст, аз қабили «Фармони Кадушоҳ», «Се нафар хушдор», «Фолбинии Афандӣ» ва ғ. Тавассути ин асарҳо адиб маводди нав, образҳои нотакрор, ҳолатҳои мухталифи хандаовар, махсусан фикрҳои муҳимми нишонрас ба тамошобин пешкаш намудааст. Пйесаҳои Баҳорӣ дар саҳнаи театрҳои пойтахти ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва театрҳои ноҳияҳо борҳо намоиш дода шудаанд.
 
Баҳорӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш барои бачагон ва наврасон асарҳо меофарид ва ин корро то охири умраш идома дод. Повесту ҳикояҳои барои бачагон навиштааш дар маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯи моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Себи тилло» (1969), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Ҳикояҳо» (1972), «Мулоқот» (1977), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. ҷой гирифтаанд. Мазаммати танбалон, танпарварон, фиребгарону коргурезон ва булҳавасон мавзӯи асосии ҳикояҳои «Садақа», «Роҳи сеюм», «Хати беимзо», «Вақти хуфтан», «Бандаи нафс», «Одами асил», «Номҳои ғалатӣ» ва ғ. гардидаанд. Асарҳои Баҳорӣ ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС тарҷума шудаанд. Тарҷумаи асарҳои Н. Носов «Оилаи хушбахт», «Рӯзномаи Коля Синитсин», «Фитя Малеев дар мактаб ва дар хона», «Саргузашти Нодонхӯҷа ва дӯстони ӯ», «Нодонхӯҷа дар шаҳри офтобӣ», шеъру достонҳои С. Михалков, С. Маршак, асарҳои М. Лермонтов, А. Чехов, К. Федин, А. Сурков, В. Пшавела, масалу ҳикоя ва шеърҳои И. Крилов, Н. Некрасов, Д. Бедний, А. Қаҳҳор, П. Бровка, В. Инбер, С. Абдулло ва дигарон ба қалами Баҳорӣ тааллуқ доранд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1957), Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Белорусия сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), узви Иттифоқи журналистон Тоҷикистон (1957) ва узви Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1950).
 
==Осор==
Line 21 ⟶ 23:
*[[Аҷоиботи Нодар]] [[1972]]
*[[Сунбула (асар)|Сунбула]] [[1974]]
Соҳили мурод. Д., 2000; Дастовез. Д., 2002; Сарпаноҳ. Д., 2004; Сирри пурасрор. Д., 2005; Файзи умр. Д., 2007; Осори мунтахаб. Ҷ. 1–2. Д., 2010.
 
'''Намунаи ашъори Абдумалик Баҳорӣ'''
 
Line 65 ⟶ 67:
 
Вай нависандае буд, ки пеш аз зуҳурашон телефонҳои ҳамроҳ ва эҳтимоли "клон" кардани инсонро пешгӯӣ кард<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ - Озодӣ 03.12.2010</ref>.
 
== Адабиёт ==
Адибони Тоҷикистон. Д., 2003. А. Раҳмонов, З. Раҳмонов.
== Эзоҳ ==
<references>
Line 81 ⟶ 85:
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Хуҷанд таваллудшудагон]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]