Биосфера: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Seawifs global biosphere.jpg|thumbnail|right]] '''БИОСФЀРА''' (аз био... ва юн. sphaira – кура, қишр), табақаи махсуси кураи Замин, ҷойи зисти ҷонварон.
Биосфера қисми атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то қаъри 2–3 км дар бар мегирад. Биогеотсеноз таркиби мабдаи фаъоли Биосфера кунунӣ мебошад. Истилоҳи «Б.»-ро аввалин бор с. 1875 геологи австриягӣ Э. Зюсс ҷорӣ кард. Таълимоти умумиро оид ба Биосфера акад. В. И. Вернадский (1926) офарид. Аз 105 унсурҳои кимиёӣ барои ташаккули организмҳои зинда шаш унсур ҳатмист: C, N, O, H, P, S. 99 дарсади массаи зиндаи организмҳоро H, C, N, O, Na, Mg, P, S, Cl, K, Ca, Fe ташкил медиҳанд.
 
[[Акс:Seawifs global biosphere.jpg|thumbnail|right]]
Бино ба пажӯҳишҳои олимон мавҷудияти [[Коинот]] ба 20 млрд сол баробар аст. Замин 4,7 млрд сол қабл пайдо шудааст. Аввалин организмҳои зинда 3,8 ва мавҷудоти серҳуҷайра 1 млрд сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Нахустин ҳайвоноти муҳрадор 500, рустаниҳои хушкӣ 400, ширхӯрҳо 200 ва приматҳо 70 млн сол қабл ташаккул ёфтаанд. Аввалин намояндагони ҷинси Homo sapiens 20 ҳазор сол пеш умр ба сар бурдаанд.