Паштунҳо: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 1:
[[file:Man from northern Pakistan.jpg|thumb|200px|Пуштун аз [[Покистони]] Шимолӣ]]
АФҒÓНҲО ([[паштунҳо]], пуштунҳо, пухтунҳо), халқ дар Ҷумҳурии Исломии [[Афғонистон]] ва қисми шимолии ғарбии [[Покистон]]. Ҳамчунин дар [[Эрон]] ва [[Ҳиндустон]] зиндагӣ мекунанд. Афғонҳо гуруҳҳои этникии гуногун доранд: афридӣ, вазирӣ, ғилзуйӣ, дурронӣ, мумандӣ, хаттакӣ, шинварӣ, юсуфзайӣ ва амсоли инҳо. Ба лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу шарқии забони пашту ва лаҳҷаи дарии забони [[форсӣ]] такаллум мекунанд. Бо алифбо – [[хатти арабӣ]] менависанд. [[File:Афганец.jpg|thumb|left|200px| Афғон. Мусаввараи рассоми рус [[Верещагин, Василий Васильевич|В.В. Верешагин, 1868]]]]Шумораи умумиашон дар ибтидои асри 21 тақрибан 31 млн нафар, аз ҷумла дар Афғонистон наздики 10 млн, Покистон 19,5 млн, Эрон бештар аз 1 млн ва дар Ҳиндустон 10 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Эътиқодмандон мусулмонони аҳли суннату
[[Британияи Кабир]] борҳо кӯшид, ки Афғонистонро ба худ тобеъ кунад (1838–42, 1878–1880, 1919), вале ин мардумон дар натиҷаи муқовиматҳои шадид тавонистанд, ки дар иттиҳод бо мардумони дигар, аз ҷумла тоҷикон истиқлоли давлатию миллии аҳли мамлакаташонро ҳифз намоянд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 70 асрҳои 20 ба муҳоҷирати сершумори Афғонҳо ба Покистону Эрон мусоидат намуд. Асоси хоҷагидории Афғонҳо деҳқонӣ (ғалла, лӯбиёиҳо, сабзавот, пахта), боғдорӣ ва чорвопарварӣ (гӯсфанд, буз, зебу, говмеш, шутур, асп) мебошад. Афғонҳо аслан мардуми бадавиянд – баҳорон бо галлаҳояшон ба кӯҳҳо рафта, тирамоҳ ба бошишгоҳҳои зимистонӣ бармегарданд. Ҳамчунин ба шикор, оҳангарӣ, наҷҷорӣ, даббоғӣ, қолибофӣ ва заргарӣ машғуланд. Дар афғонҳо ҳанӯз ҳам аломатҳои сулолавӣ – авлод, хайл, қавм, ки аз тарафи доҳии (хон) қабила ва ҷирга (шӯрои обрӯмандон) сарварӣ мешаванд, мавҷуд мебошанд. Оилаҳо падаршоҳӣ буда, аксаран бо хешу табори наздик (бо фарзандони хола, амак ва амма) издивоҷ мекунанд. Афғонҳои муқимӣ дар хонаҳои хиштию похсагӣ ва афғонҳои бодиянишин дар хаймаҳо зиндагӣ доранд. <br /> [[file:Major ethnic groups of Pakistan in 1980.jpg|thumb|Харитаи сукунати пуштунҳо (бо ранги сабз) дар [[Афғонистон]] ва [[Покистон]] дар соли 1980 ]]
== Манбаъ ==
|