Паштунҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[file:Man from northern Pakistan.jpg|thumb|200px|Пуштун аз [[Покистони]] Шимолӣ]]
'''АФҒÓНҲО''' ([[паштунҳо]], пуштунҳо, пухтунҳо), халқ дар Ҷумҳурии Исломии [[Афғонистон]] ва қисми шимолии ғарбии [[Покистон]]. Ҳамчунин дар [[Эрон]] ва [[Ҳиндустон]] зиндагӣ мекунанд. Афғонҳо гуруҳҳои этникии гуногун доранд: афридӣ, вазирӣ, ғилзуйӣ, дурронӣ, мумандӣ, хаттакӣ, шинварӣ, юсуфзайӣ ва амсоли инҳо. Ба лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу шарқии забони пашту ва лаҳҷаи дарии забони [[форсӣ]] такаллум мекунанд. Бо алифбо – [[хатти арабӣ]] менависанд. Шумораи умумиашон дар ибтидои асри 21 тақрибан 31 млн нафар, аз ҷумла дар Афғонистон наздики 10 млн, Покистон 19,5 млн, Эрон бештар аз 1 млн ва дар Ҳиндустон 10 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. [[File:Афганец.jpg|thumb|left|150px| Афғон. Мусаввараи рассоми рус [[Верещагин, Василий Васильевич|В.В. Верешагин, 1868]]]]Эътиқодмандон мусулмонони аҳли суннату ҷамоатанд, қисми кам ба мазҳаби [[шиъа]] гаравидаанд. Этногенези Афғонҳо дақиқан таҳқиқ нашудааст, вале ба эҳтимоли қавӣ дар он [[тоҷикон]], ҳиндуҳо ва унсурҳои туркӣ ширкат доштаанд. Ватани аслиашон куҳдоманҳои Сулаймон, [[Ғазнӣ]] – [[Қандаҳор]] ва [[Кветта]] – [[Пишин]] мебошад.
== Решашиносӣ ва таърих ==
Истилоҳи «[[афғон]]» бори нахуст дар маъхазҳои таърихии аҳои 6–7 мелодӣ ёд мешавад. Тибқи ривоёт чор иттиҳоди қабилавии Афғонҳо вуҷуд доштаанд, ки бо номи асосгузорони ин қабоил маъруфанд: батанҳо, гаргуштҳо, карларнҳо ва сарбонҳо. Шумораи умумии қабоили Афғонҳо ба 400 адад мерасад. Аз оғози асри 16 ба баъд Афғонҳо соҳиби давлатдории хеш (ҳокимияти қабилавӣ) мегарданд (Ахора, Ғилзуйӣ, Абдолӣ, Дурронӣ ва ғайра) <br />
Сатри 14:
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Таърих]]