Ба қуллаҳои дониш: Тафовут байни таҳрирҳо
Nekruz Safarov (баҳс | ҳисса) Саҳифаи нав: «'''БА ҚУЛЛАҲÓИ ДОНЍШ'''», нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 7 окт. 1956 бо ибтикори номзади ил... |
(бе тафовут)
|
Нусха 05:53, 12 марти 2015
«БА ҚУЛЛАҲÓИ ДОНЍШ», нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 7 окт. 1956 бо ибтикори номзади илмҳои филология Л. Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯравӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз соли. 2009 бо ибтикори ДМТ дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз соли. 2010 ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад. Дар «Ба қуллаҳои дониш» донишмандон ва шахсиятҳое ҳамчун В. Асрорӣ, С. Гулов, Б. Камолиддинов, А. Маҳмадаминов, А. Мухторов, М. Муҳаббатшоев, Б. Шермуҳаммадов ва дигарон ба ҳайси сардабир ё масъули нашри ҳафтанома ифои вазифа кардаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар сафаҳоти худ рафти таълиму тадрис ва охирин рӯйдодҳои илмию фарҳангии Донишгоҳро инъикос мекунад. Дар нашрия инчунин намунаҳо аз эҷоди бадеӣ, баррасӣ ва нақду пажӯҳишҳои донишҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ ва диг. нахустин намунаҳои осори хешро дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар тарбия ва такмили истеъдоди адибон, донишмандон ва рӯзноманигорони ҷавон хидмати шоён кардаву мекунад, ки бисёре аз онҳо имрӯз дар нашрияҳои марказии кишвар, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳҳову муассисоти илмӣ-фарҳангӣ муваффақона фаъолият доранд. Адади нашраш 8 ҳазор нусха (2012). / П. Гулмуродзода.
Манбаъ
Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
- Адабиёт:
- ДДМТ (марҳалаи асосии таърихӣ). Душанбе 2008;
- «Ба қуллаҳои дониш». 2011, № 16–17.