Ба қуллаҳои дониш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: «'''БА ҚУЛЛАҲÓИ ДОНЍШ'''», нашрияи Донишгоҳи мил­лии Тоҷикистон. 7 окт. 1956 бо ибтикори номзади ил...
 
No edit summary
Сатри 1:
«'''БА ҚУЛЛАҲÓИ ДОНЍШ'''», нашрияи [[Донишгоҳи мил­лии Тоҷикистон]]. 7 окт.октябри 1956 бо ибтикори номзади илмҳои филология Л. Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯра­вӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз соли. 2009 бо ибтикори [[Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон|ДМТ]] дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз соли. 2010 ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад.
Дар «Ба қуллаҳои дониш» донишмандон ва шахсиятҳое ҳамчун В. Ас­рорӣ, С. Гулов, Б. Камолиддинов, А. Маҳмадаминов, А. Мухторов, М. Муҳаббатшоев, Б. Шермуҳаммадов ва дигарон ба ҳайси сардабир ё масъули нашри ҳафтанома ифои вазифа кардаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар сафаҳоти худ рафти таълиму тад­рис ва охирин рӯйдодҳои илмию фарҳангии Дониш­гоҳро инъикос мекунад. Дар нашрия инчунин намунаҳо аз эҷо­ди бадеӣ, баррасӣ ва нақду пажӯҳишҳои дониш­ҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ ва диг. нахустин намунаҳои осори хешро дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар тарбия ва такмили истеъдоди адибон, донишмандон ва рӯзноманигорони ҷавон хидмати шоён кардаву мекунад, ки бисёре аз онҳо имрӯз дар наш­рияҳои марказии кишвар, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳҳову муассисоти илмӣ-фарҳангӣ муваффақона фаъолият доранд. Адади нашраш 8 ҳазор нусха (2012). / П. Гулмуродзода.
== Манбаъ ==