Юрий Бабаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''БАБÁЕВ Юрий Николаевич''' (21.5.1928, Маскав – 6.10.1986, ҳамон ҷо), физикадони шӯравӣ, узви вобастаи...
(бе тафовут)

Нусха 06:15, 12 марти 2015

БАБÁЕВ Юрий Николаевич (21.5.1928, Маскав – 6.10.1986, ҳамон ҷо), физикадони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1968), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1962). Дар соҳаи физикаи ҳаста таҳқиқот анҷом додааст. Баъди хатми Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар Бюрои конструктории №11 таҳти роҳбарии А. Д. Сахаров кор карда, дар сохтани нахустин бомбаи ҳидрогенӣ ширкат варзидааст. Бабаев Ю. Н. соли 1955 якҷо бо Ю. А. Трутнев усули нави тарҳи заряди дузинагии ҳидрогениро пешниҳод кард. Бо ду ордени Ленин (1956, 1962), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар ордену медалҳо, Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1959), Мукофоти давлатии Федератсияи Россия (баъд аз вафоташ) сарфароз гардонида шудааст.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2