Бабезиоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''БАБЕЗИÓЗ''', як навъ касалии сироятии ҳайвонот. Ангезандаи бабезиоз содатаринҳо (аз ҷинси Babesi...
(бе тафовут)

Нусха 06:56, 12 марти 2015

БАБЕЗИÓЗ, як навъ касалии сироятии ҳайвонот. Ангезандаи бабезиоз содатаринҳо (аз ҷинси Babesia) мебошанд. Онҳо дар эритроситҳо (лундачаҳои сурх)-и хун зиндагӣ карда, ба воситаи канаҳои касалигузарон паҳн мегарданд. Аломати асосии бабезиоз камхунӣ ва пешоби хунолуд аст. Ба бабезиоз чорвои калону майда, архар, муфлон гирифтор мешаванд. Ангезандаҳои бабезиози чорвои калон Вabesia diver­gens ва Вabesia colchica, ангезандаи бабезиози чорвои майда Вabesia ovis мебошанд. Дар Тоҷикистон аз ангезандаҳои бабезиози чорвои калон Вabesia colchica дучор меояд. Дар табиат ангезандаҳои бабезиози чорвои калон ва майда бисёр вақт якҷо вомехӯранд. Шакли ангезандаҳои бабезиоз лунда, баъзан нокмонанд мешавад. Дар як эритросит, одатан, 1–2 (баъзан зиёдтар) ангезандаи бабезиоз зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон бабезиоз дар водиҳо, ки барои инкишофи канаҳо шароити мусоид мавҷуд аст, ба назар мерасад. Бабезиози чорвои калонро канаҳои Boophilus calcaratus ва бабезиози чорвои майдаро канаҳои Der­macentor marginatus, Rhipicephalus bursa, Rh. turani­cum, Ixodes persulcatus, Alveonasus lahorensis интиқол медиҳанд. Ангезандаи бабезиоз дар хун паҳн шуда, организми ҳайвонро заҳролуд менамояд. Ҳангоми бабезиоз гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо халал ёфта, гурда, ҷигар, дил, шуш, сипурз ва диг. узвҳо иллат пайдо мекунанд. Давраи ниҳонии бабезиоз 8–15, дар аснои сироят ёфтани хун 7–21 шаборӯз аст. Дар охири давраи ниҳонӣ ҳарор. бадани ҳайвон то 41°С баланд шуда, он 3–4 (баъзан 5–10) шаборӯз давом мекунад. Ҳайвони касал беҳолу бемадор, камшир, беиштиҳо, кори аъзои ҳозимааш вайрон мешавад. Баъди 3–4 рӯзи касалӣ пешоб хунолуд ва миқдори эритросит­ҳою гемоглобин дар таркиби хун 1,5–2 маротиба кам мешавад. Касалӣ 3–8 шаборӯз давом карда, баъзан дар натиҷаи муолиҷаи нодуруст 50%-и ҳайвонот нобуд мегарданд. Ба бабезиоз хусусан ҷавонаҳо бештар гирифтор мешаванд. Дар асоси аломатҳои болинӣ (клиникӣ), хусусан рӯзҳои аввали касалӣ, ташхис кардани бабезиоз душвор аст. Бо заррабин санҷидани хун метавонад натиҷаи дуруст надиҳад. Бинобар ин, санҷиши хунро рӯзҳои дигари касалӣ ҳам бояд давом дод. Аломат, усули ташхис, муолиҷа ва пешгирии бабезиози чорвои калону майда як сон аст. Муолиҷа: истифодаи доруҳои махсус – трипофлавин (3–4 мг/кг), азидин ё беринил (5 мг/1 кг), акаприн, амидокарб, имизол. Дар як вақт доруҳои дил ва мусҳилро низ истифода мебаранд. Парҳез кунондан ва бисёр об додани ҳайвонот аҳаммияти зиёд дорад. Пешгирӣ: маҳв кардани канаҳои ҳайвонот (масалан, бо хлорофос) ва чарогоҳ (бо роҳи обёрӣ намудан, нест кардани хояндаҳо ва ғ.). / Г. Шахматов, Е. Манилова.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

  • Адабиёт:
Пироплазмиды крупного рогатого скота и их переносчики в Таджикистане. Душанбе, 1971.