Бит: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Андозаҳои байтҳо}}
 
БИТ (аз англ. bit (binarydigit) – аломат, рақам, яке аз маъмултарин воҳиди ченкунии миқдори ахбор, ки ҳангоми воқеӣ гардидани яке аз ду ҳодисаи баробарэҳтимол пайдо мешавад. Битро с.1948 олими амрикоӣ К. Шеннон барои ифода намудани воҳиди ахбории хурдтарин пешниҳод кардааст. Бит воҳиди бунёдии андозакунии миқдори ахборест, ки ба миқдори ахбори дар таҷриба мавҷудаи ду натиҷаи баробарэҳтимол баробар аст. Яъне миқдори ахборест, ки фақат ҷавоби «ҳа» ё «не», 1/0, баста ё кушодаро дорад. Ба ибораи дигар миқдори ахборест, ки ба саволи гузошташуда ҷавоби якмаъно медиҳад. Бит воҳиди дуии ахбор мебошад. Дар электроника ба як разряди дуӣ як триггери дуӣ мувофиқат мекунад, ки ду ҳолати собит дорад. Дар техникаи ҳисоббарор ва шабакаҳои институтиқоли маълумот, одатан, қиматҳои 0 ва 1 бо қиматҳои гуногуни шиддат ё ҷараён институтиқол дода мешавад. Масалан дар микросхемаҳои асосашон ТТЛ рақами 0 чун шиддат дар фосилаи +0 то + 0,8В, рақами 1 дар фосилаи аз +2,4 то +5,0 В ифода меёбанд. Дар техникаи ҳисоббарор, бахусус дар ҳуҷҷатҳо ва стандартҳо, калимаи «бит» аксар ба маънои «разряди дуӣ» истифода мешавад (Масалан Бити калон разряди дуии бузурги байт ё калимае мебошад, ки сухан дар бораи он меравад).
'''Бит''' - {{lang-en|bit}} - воҳиди хурдтарини андозаи хотираи [[компютер]]. Бит барои тавсифи андозаи хотираи дар ҳофиза ва ё дар [[хотираи дастраси аҳёнӣ]] (random access memory) истифода бурда мешавад.
Бит чун "0" ва ё "1" (ҳамчун "пайваст" ва ё "хомӯш") ифода мегардад. Гурӯҳи иборат аз 8 бит (bites) (1) байт (byte) номида мешавад.
 
== Манбаъ ==
 
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
{{Compu-stub}}
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бит"