Беленитский Александр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=БЕЛЕНИТСКИЙ Александр Маркович |Номи аслӣ=БЕЛЕНИЦКИЙ Александр Мар...
 
No edit summary
Сатри 1:
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=БЕЛЕНИТСКИЙБеленитский Александр Маркович
|Номи аслӣ=БЕЛЕНИЦКИЙ Александр Маркович
|Акс=Noimage.gif
Сатри 6:
|Зодгоҳ= [[Вилояти Смоленск]]
|Даргузашт=[[1993]]
|Пеша= [[муаррих]]-[[шарқшинос]], [[бостоншинос]]
}}
'''БЕЛЕНИТСКИЙ Александр Маркович''' (24.03.1904, деҳаи Любинои ноҳияи Усвятскийи вилояти [[Смоленск]] – 1993, Санкт-Петербург), муаррих-шарқшинос, бостоншинос. Донишгоҳи давлатии [[Осиёи Миёна|Осиёи Миёнаро]] хатм кардааст (1930). Ходими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1975), доктори илмҳои таърих (1967). Дар ҶБВ (1941–1945) иштирок кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба Тоҷикистон омад ва фаъолияташ чун донишманди илми таърих, омӯзгор дар ҳамин ҷо ҷараён гирифтааст. Дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии [[Санкт-Петербург]] таҳсил карда, бо унвони «Сарбадорони Эрон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Аз соли 1936 ходими илмҳои Шӯъбаи Ленинградии Институти бостоншиносии АИ ИҶШС. Солҳои 1946–1978 Беленетский ҳар сол дар таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон иштирок мекард. Рисолаи «Очерки таърихӣ-ҷуғрофии Хуталон дар заминаи маводди бостоншиносӣ» таълиф гардидааст. Мақолаи бунёдии «Топографияи таърихии Ҳирот дар асри XV» (1946) низ дар асоси маводди бостоншиносӣ навишта шудааст. Соли 1947 Беленитский бо роҳбарии А. Ю. Якубовский ба омӯзиши мавзеи Панҷакенти қадим шурӯъ намуд ва аз соли 1954 сарварии корҳои бостоншиносии Панҷакентро ба ӯҳда гирифт. Осори ҳунари наққошӣ ва рассомӣ, нақшҳо дар чӯб, муҷассамаҳо аз гил ва ғайра, ки дар ҳафриёти экспедитсияи Панҷакент дастрас гардиданд, намоёнгари ғановати тамаддуни [[Суғд]] мебошанд, ки дар силки офаридаҳои санъати ҳунарии умумибашарӣ ҷой гирифтанд ва намунаҳояшон ба табъ расиданд. Дар мавзӯи Панҷакенти қадим чун шаҳр рисолаи докторӣ дифоъ кард. Ба ғайр аз ин Беленитский ба омӯзишу тарҷумаи осори [[Абурайҳони Берунӣ]], махсусан осори ӯ дар бораи маъданшиносӣ, машғул шудааст. Беленитский дар конгрессҳои 23 ([[Кембриҷ]], 1954), 24 (Мюнхен, 1957), 25 ([[Москва]], 1960) шарқшиносон, Конгресси байналмилалӣ оид ба ҳунар ва бостоншиносии [[Эрон]] ([[Теҳрон]], 1968) иштирок ва суханронӣ кардааст. Барои маҷмӯи асарҳо оид ба таърих ва маданияти Панҷакенти Қадим, ки солҳои 1950–70 чоп шудаанд, Беленитский соли 1977 соҳиби Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид.