Бишкек: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
илова
No edit summary
Сатри 3:
{{Пойтахтҳо Осиё}}
 
БИШКЀК (то 1926 Пишпек, 1926–91 Фрунзе), пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон (аз с. 1991), маркази маъмурии вил. Чу, воҳиди мустақили маъмурӣҳудудӣ. Дар водии Чу, дар доманаи қ-кӯҳи Қирғизистон ҷойгир аст. Аҳолиаш 860 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш 1 млн нафар, 2012). Асосан қирғизҳо, инчунин русҳо (23,0%), ӯйғурҳо (1,6%), тоторҳо (1,5%), кореягиҳо (1,4%), ӯзбекҳо (1,4%), қазоқҳо (1,1%), украиниҳо (1%), дунганҳо (0,5%) зиндагонӣ мекунанд. Ба воситаи р. о. ва роҳҳои автомобилгард бо шарҳои Алмаато, Тошканд мепайвандад. Аэропорти байналмилалӣ (Манас) дорад. Соли 1825 чун қалъаи Пишпек (Бишкек)-и хонии Хӯқанд бунёд ёфтааст. Дар авв. с. 1860 қалъа аз тарафи лашкариёни Россия забт карда шуда, хароб гардид. Соли 1918 дар ҳайати Ҷумҳурии мухтори Туркистон, аз 1924 маркази Вилояти мухтори Қароқирғиз (аз 1925–Қирғизистон) дар ҳайати ИҶШС. Соли 1926 (ба шарафи сарлашкари шӯравӣ М. В. Фрунзе) номи Фрунзеро гирифт. Аз с. 1926 пойтахти ҶМШС Қирғизистон ва аз 1936–пойтахти ҶШС Қирғизистон. Бишкек маркази бузургтарини иқтисодӣ ва саноати мамлакат мебошад. Саноати мошинсозӣ ва таҳ­вили филиззот (электротехника, асбобсозӣ, мошинҳои ки­шоварзӣ), саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Аз с. 1870 лоиҳаи ба шаҳри замонавӣ табдил додани Бирҷ тарҳрезӣ шуд. Аз с. 1930 сохтмони оммавӣ оғоз гардид. Бирҷ ҳамчунин маркази илму маърифати мамлакат буда, дар он мактабҳои олӣ, интҳои таҳқиқотӣилмӣ, академияҳо (аз ҷумла Институтидавлатии санъати ба номи Бирҷ Бейшеналиева, Донишгоҳи миллии ба номи Ж. Баласанян, Донишгоҳи техникии ба номи И. Раззоқов, Донишгоҳи сохтмон, нақлиёт ва меъмории Қирғизистон, Донишгоҳи кишоварзии ба номи К. Скрябин, Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, Институтиолии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи давлатии тиббии ба номи И. К. Охунбоев, Академияи молиявӣ иқтисодӣ ва ғ.) фаъолият доранд. Дар Бирҷ Академияи илмҳои миллии Қирғизистон, осорхонаҳои таърихӣ, санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ дар майдони кушод, осорхонаи инфиродии (хонамузейи) М. В. Фрузне (дар Бирҷ таваллуд шудааст), осорхонаи инфиродии С. А. Чуйков, бостоншиносӣ (археологӣ), зоологӣ, минерология ва заминшиносӣ (геология), зиёда аз 20 боғи истироҳатӣ, театрҳои опера ва балет, драмавӣ, лухтак, инчунин филармония ва киностудияи «Қирғизфилм» мавҷуд аст. Бирҷ маркази тиҷорати минтақавӣ буда, дар ин ҷо додугирифти тиҷоратии Россия, Қазоқистон ва Хитой ба амал меояд.
{{Қирғизистон-ҷуғ-нопурра}}
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
 
[[Гурӯҳ:Қирғизистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бишкек"