Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 37:
'''БЕЛОРУССИЯ''', {{забон-код|be|Рэспубліка Беларусь}}<br/>{{забон-код|ru|Республика Беларусь}}, давлат дар [[Аврупои Шарқӣ]]. Дар Ғарб бо Полша, дар Шимол Ғарби бо [[Литва]] ва [[Латвия]], дар Шарқ – бо [[Русия]] ва дар Ҷануб бо [[Украина]] ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 207600 км<sup>2</sup>, аҳолиаш 10 млн нафар (2012), зичии миёнаи аҳолӣ 45,6 нафар дар 1 км<sup>2</sup>. Пойтахташ шаҳри [[Минск]]. Аз 6 вилоят: [[Брест]], [[Витебск]], [[Гомел]], [[Гродно]], [[Могилёв]], [[Минск]] – бо марказҳои ҳамном, 12 шаҳр, 118 ноҳия иборат аст. Иди миллӣ – [[Рӯзи истиқлолият]] – 3 июл. Забонҳои давлатӣ [[Забони белорусӣ|белорусӣ]] ва [[Забони русӣ|русӣ]]. Воҳиди пулӣ – рубли белорусӣ.
 
===Сохти давлатдорӣ==
Тибқи конститутсияи соли 1994 қабулгардида Белоруссия давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва республикаи президентӣ аст. Сарвари давлат – президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад, сардори ҳукумат – сарвазир, мақоми қонунгузор – Маҷлиси миллист, ки аз ду палата – Шӯрои Республика (64 ҷой) ва Палатаи намояндагон (110 ҷой, ваколаташон 4 сол) иборат аст. Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ амал мекунанд. Белоруссия узви СММ (аз соли 1945), ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошАдабиёт:мебошад. Мувофиқи шартномаи соли 1999 басташуда Белоруссия якҷоя бо Россия давлати иттифоқӣ гаштанд. Муносибатҳои дипломатии Белоруссия бо Тоҷикистон аз 5 сентябри 1992 барқарор аст. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ дар [[Тоҷикистон]] Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Белоруссия» ва дар Белоруссия Ҷамъияти дӯстии «Белоруссия – Тоҷикистон» фаъолият доранд.
==Ҷуғрофиё ва геология==
Белоруссия дар Ғарби Пастиҳои [[Аврупои Шарқӣ]], дар ҳудуди платформаи россиягии таҳкурсии қадимии кристаллӣ ва иборат аз таҳнишасти ҷинсҳои токембрийӣ воқеъ аст. Дар қитъаи начандон калони Полесйе хоро ва гнейсҳои мансуби давраи архей вомехӯранд, ки ҷо-ҷо ба рӯйи замин баромадаанд. Қисми шимолу ғарбии мамлакат аз қаторпуштаҳои харсангу шағалӣ, манотиқи ғарбӣ ва шарқӣ аз теппакӯҳҳои на он қадар баланд (Баландии Минск 345 м) ташаккул ёфтааст. Дар ҷануби Полесйеи Белорус бо таҳнишастҳои боқимонда аз обу пиряхҳои аҳди қадим падид омадааст. Белоруссия дорои захираҳои нафт ва конденсати газ (26,6 млн тонна), гази табиӣ (2,8 млрд м3) ва ангишт (107 млн тонна) буда, аз захираи 4-миллиардаи қабатҳои торфӣ танҳо 580 млн тоннаии он барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ истифода мешавад. Белоруссия аз ҷиҳати захираи намакҳои калийдор (5,25 млрд тонна, дар баргардон ба К2О – 840 млн тонна) дар ҷаҳон баъди Канада, Россия ва Олмон ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад. Захираҳои намаксанги саноатӣ баъди иктишоф 22 млрд тона муайян шудааст. Маводди сохтмонии табиӣ дар саросари мамлакат фаровон аст. Дар кӯлҳо ва қабатҳои торфӣ таҳнишастҳои сапропел (лойқаи ба сифати нурӣ истифодашаванда) хеле фаровон буда, миқдорашро 1,6 млрд тонна тахмин кардаанд. 70 чашмаи обҳои маъданӣ (минералӣ) омӯхта шуданд ва мавриди истифода қарор доранд.
===Иқлим===
Иқлими Белоруссия континенталии муътадил ва намнок аст. Ҳарор. миёнаи моҳи январ аз – 80С то – 40С, моҳи июл аз 170С то 190С, миқдори боришот аз 550 мм то 700 мм буда, тобистонаш сербориш аст.
===Обҳои дохилӣ===
Дар Белоруссия наздики 3000 дарё мавҷуд аст, ки ба ҳавзаҳои [[Баҳри Сиёҳ]] (Днепр) ва баҳри [[Балтика]] (Двинаи Ғарбӣ, Неман, Буг, Ловат) мансубанд. Дарёҳои калонтаринаш Припят, Березина, Сож. Манбаи дарёҳо – барфу борон. Дар Белоруссия 4 ҳазор кӯл мавҷуд аст, ки 2 ҳазори онҳо дар шимоли кишвар ҷойгиранд (бузургтаринашон Нароч, Освей, Свитяз).
==Табиат ва олами ҳайвонот==
2/Аз 5 ҳисса 2 ҳиссаи ҳудуди Белоруссия бешазор буда, бештарашро [[дарахтони сӯзанбарг]] ташкил медиҳанд (бешазорҳои Налибок, Беловеж). Гиёҳҳои доруӣ зиёд мерӯянд (валериана, зарпоша, карвиё), 20 дарсади ҳудуди мамлакат ботлоқзор аст. Дар Белоруссия беш аз 50 намуд ҳайвоноти ширхор ва наздики 200 намуд паранда ҳаст. Гавазн, оҳу, хук, рӯбоҳ, гург, хирси малла бештар вомехӯранд. Дар Мамнӯъгоҳи Беловеж зубр ва дар ботлоқзорҳо намуди нодири сангпушти ботлоқӣ боқӣ мондааст. 4,2 дарсади сарзамини Белоруссия минтақаҳои ҳифзшавандаанд. Дар Полесйе Мамнӯъгоҳи радиатсионию экологӣ – барои омӯзиши ҳолати маҷмӯаҳои табиӣ (баъди садамаи [[Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил]]) ва дар Березин Мамнӯъгоҳи биосферӣ ташкил шудаанд. Чаҳор боғи миллӣ дорад: Беловежская Пуша, Кӯлҳои Браслав, Припятский, Нарочанский. Вазъи экологии Белоруссия мураккаб аст. Баъди фоҷиаи [[Чернобил|Чернобили]] Украина (1986) 22 дарсади ҳудуди маскуни мамлакат, 26 дарсади бешазорҳо ва 20 дарсади хоҷагиҳои кишоварзӣ гирифтори ифлосшавии радиоактивӣ шуда, 2,64 ҳазор га заминҳои ҳосилхез аз эътибор соқит дониста шуданд.
==Аҳолӣ==
Аҳолии мамлакатро белорусҳо 81,2%, [[русҳо]] 11,4%, полшагиҳо 3,9%, украиниҳо 2,4%, яҳудиҳо 0,3% ва ғайра ташкил медиҳанд. 80 дарсади аҳолӣ муътақидони равияи православии дини масеҳӣ ва такрибан 15% католикҳо мебошанд. Таносуби фавт нисбат ба таваллуд афзунтар буда, бемориҳои силсилаи гардиши хун ва саратон бештар ба назар мерасанд, ки ин ҳам оқибати ҳодисаи Чернобил мебошад. Баъди пошхӯрии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] муҳоҷират ба [[ИДМ]] ва давлатҳои хориҷии дур – Исроил, ИМА, Канада, Олмон, Полша, Австралия зиёд шуд. Танҳо баъд аз фоҷиаи Чернобил аз Белоруссия беш аз 130 ҳазор нафар ҳиҷрат намудаанд. Дар ҳавзаи дарёи [[Днепр]] аҳолӣ зичтар ҷойгир шуда, қисми шимолии мамлакат ва ҳамвориҳои Полесйе камаҳолитаранд. 71,5 дарсади сокинон шаҳрнишин буда, нуфуси камтарини маҳаллаҳои аҳоли­нишини деҳот то 125 нафар мерасад.
==Таърих==
Дар ҳудуди Белоруссия инсон ҳанӯз дар замони палеолити миёна ва боло маскан гирифта буд. Бошишгоҳҳои тамаддуни мустйер дар Подлужйе, Юпевичи, Бердиж ва вилояти Гомел пайдо шудаанд. Аксари ҳудуди Белоруссияро дар асрҳои аввали милодӣ қабилаҳои славянҳои шарқӣ ишғол кардаанд. Иттиҳодияҳои қабилавии дулебҳо, кривичҳо (аз болооби дарёҳои Днепр ва Волга томаҷрои миёнаи Двинаи Ғарбӣ), дреговичҳо (дар ҳавзаи дарёҳои Березина ва Припят), радимичҳо (ҳавзаи дпрёи Сож), древлянҳо (дар Ҷумҳурии Белоруссия) дар ин давра ташаккул ёфта, ҳудудҳои ишғолкардаи онҳо дар асри 9 ба давлати Руси Киевӣ ҳамроҳ карда шуданд. Кривичҳо ва радимичҳо ширкаткунандагони юришҳои князҳои киевӣ Олег (907) ва Игор (944) ба пойтахти Византия–Сарград (Константинопол) буданд. Дар миёнаи асри 10 князигарии Полотск ташаккул ёфта, шаҳрҳои Витебск, Туров, Берестйе (Брест), Минск, Орша, Пинск ва ғайра бунёд гардиданд. Дар асрҳои 11–12 давлати Руси Киевӣ барҳам хӯрда, князигариҳои Полотск, Смоленск ва Туров мустақил гардиданд ва дертар боз ба князигариҳои хурдтар тақсим шуданд. Дар асрҳои 12–14 алоқа бо марказҳои тиҷоратии русҳо, украинҳо, олмониҳо мустаҳкам шуда, дар ҳудуди ҳозираи Белоруссия князҳои литвонӣ нуфуз пайдо карданд. Дар натиҷа, солҳои 1230–1240 яке аз давлатҳои муқтадири асримиёнагии Аврупо–Князигарии бузурги Литва (марказаш ш. белоруссии Новогрудок, дертар Вилна – Вилнюс) арзи вуҷуд кард. Соли 1385 баъди баста шудани Унияи Киев заминҳои Белоруссия ба ҳайати давлати мут­таҳидаи Полшаву Литва (сарвараш князи литвонӣ Ягайло) ҳамроҳ карда шуд. Баъди паси сар шудани ҷангҳо ва ихтилофи байни католикҳо ва муътақидони православӣ ба аксар шаҳрҳои белорусӣ – Брест (1300), Гродно (1391), дертар Слутск, Полотск ва Минск ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Дар аҳди Витовт (аз соли 1387), ки 40 сол ҳукмронӣ кард, Князигарии бузурги Литва хеле пеш рафт. Дар аввали асри 16 баъди ҷанги байни Князигарии бузурги Литва бо давлати Маскав ва ба имзо расидани Унияи Люблин (1569) замини Белоруссия боз ба ҳайати давлати муттаҳидаи Полшаву Литва, ки Реч Посполитая ном гирифта буд, дохил карда шуд.
Сатри 54:
Солҳои баъдӣ Белоруссия рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар ибт. ҶБВ (1941–45) ҳудуди ҶШС Белоруссияро лашкариёни фашистӣ пурра забт карданд ва дар тамоми мамлакат ҷанги партизанӣ авҷ гирифт. Наздики 200 бригада, 1100 отряди партизанӣ бо душман муборизаҳои шадид мебурданд. Дар ҷанг шаҳрҳои Минск, Брест, Витебск, Могилёв, боз 209 шаҳри хурди дигар, 9200 деҳа харобу ба хок яксон ва 2,5 млн аҳолии мамлакат қурбон шудаанд. Наздики 300 ҳазор аҳолӣ, 70 дарсади говҳо ба Олмон ронда ва ҳазорон трактору мошинҳо ба он ҷо интиқол дода шуданд, тамоми саноат ва 74 дарсади фонди манзилӣ хароб гардид. Нақши бузурги Белоруссия дар мубориза бо фашизм ва натсизми Олмон буд, ки ҶШСБ, яке аз давлатҳои муассиси СММ гардид. Тибқи шартномаи байни Полша ва Иттиҳоди Шӯравӣ (18 августи 1945) 17 ноҳияи вил. Белосток бо марказаш ва 3 ноҳияи вилояти Брест ба Полша дода шуд. Баъди ҷанг барқароркунии босуръати мамлакат ба роҳ монда шуда, иқтисодиёти Белоруссия чун қисми таркибии маҷмӯи ягонаи хоҷагии халқи ИҶШС рушд кард. 20 дарсади трактору мототсиклҳо, 10 дарсади дастгоҳҳои филиззбурӣ, нахи сунъӣ ва нуриҳои маъданӣ, 22 дарсади нахи катон, 15 дарсади картошка, 6 дарсади гӯшти дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшавандаро Белоруссия таъмин мекард. 27 июли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Белоруссия оид ба истиқлолияти давлатӣ Декларатсия қабул кард. 19 сентябри 1991 ҶШС Белоруссия Республикаи Беларус ном гирифт.
==Қувваҳои мусаллаҳ==
Қувваҳои мусаллаҳи Белоруссия аз сипоҳиёни хушкигард (43,5 ҳазор нафар), қувваҳои ҳарбӣҳавоӣ (22,5 ҳазор нафар, якҷоя бо лашкариёни мудофиаи зиддиҳавоӣ) ва диг. сохторҳои ҳарбикунонидашуда: сипоҳиёни сарҳаддӣ (12 ҳазор), сипоҳиёни дохилӣ (11 ҳазор) иборат аст. Дар ихтиёри худ техникаи гуногун: танкҳо (1724 адад), мошинҳои зиреҳпӯш (1500), силоҳи артиллерӣ (1465), ракетаҳои идорашавандаи зиддитанкӣ, комплексҳои ракета­вӣ, системаҳои реактивии оташфишон, самолётҳои ҷангӣ (230), чархболҳо (60), воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, авиабазаҳо (дар Барановичи, Витебск, Магулише) дорад. Белоруссия узви [[Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ|Ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ]] мебошад.
==Иқтисодиёт==
Дар Белоруссия соҳаҳои истеҳсолкунанда ва истихроҷкунанда, энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва бонкҳо асосан моликияти давлатӣ буда, бахши хусусӣ дар иқтисодиёт ҳиссаи хурд дорад (бештар дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ). Моликияти давлат будани соҳаҳои зикршуда ва корхонаҳои бузурги саноатӣ ба ҳукумати Белоруссия имкон медиҳад, ки барномаҳои калони иҷтимоиро дастгирӣ намояд, хароҷоти табобат ва таҳсили мардумро бар дӯши худ дорад, барои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан зарур пул ҷудо кунад, барои сохтмони манзил қарзҳои имтиёзнок диҳад. Дар байни давлатҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли трактор, нахҳои кимиёӣ, дастгоҳсозӣ, истеҳсоли нуриҳои калийдор, пластмасса, гӯшт, орд, ғалладона, маҳсулоти макаронӣ, матоъ, трикотаж, пойафзор, яхдон ва телевизор (нисбат ба ҳар сари аҳолӣ) пешсаф аст. Дар мамлакат соҳаҳои энергетика, мошинасозӣ, саноати кимиё, коркарди чӯб ва сохтмон, истеҳсоли маводди сохтмон, саноати коркарди маҳсулоти гуногун тараққӣ кардааст.
 
==Нақлиёт== Соҳаи нақлиёти Белоруссия хеле тараққӣ кардааст. Аз ҳудуди Белоруссия як қатор роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, пеш аз ҳама – роҳи трансаврупоии «Шарқ–Ғарб» (Париж – Брюссел – Минск – Маскав) лӯлаҳои нафту газ, роҳҳои байнидавлатӣ: Санкт-Петербург – Витебск Гомел – Киев – Одесса – Таллин – Рига – Вилнюс–Минск – Гомел – Киев ва шоҳроҳи Брест – Гродно мегузаранд. Аҳаммияти роҳҳои обӣ аз роҳҳои автомобилӣ кам набуда, бор ва мусофиркашонӣ дар дарёҳои Днепр, Припят, Березина, Сож, инчунин дар наҳрҳои киштигарди Днепр – Буг, Днепр – Неман, Березина сурат мегирад. Борҳои асосӣ маводди сохтмон (85%), ғӯлачӯб ва дигар маҳсулоти чангал мебошанд. Бо нақлиёти лӯлаӣ тавассути лӯлаҳо маҳсулоти нафтӣ (дарозии лӯла 2443 км), газ (5213 км), маводди ғизоӣ (1686 км) равона ва ирсол мешаванд. Дар Белоруссия 133 аэропорт (50-тоаш бетонпӯш), аз он ҷумла 3 аэропорти байналмилалӣ мавҷуд аст.
=== Нақлиёт ===
==Савдои берунасрӣ==
==Нақлиёт== Соҳаи нақлиёти Белоруссия хеле тараққӣ кардааст. Аз ҳудуди Белоруссия як қатор роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, пеш аз ҳама – роҳи трансаврупоии «Шарқ–Ғарб» (Париж – Брюссел – Минск – Маскав) лӯлаҳои нафту газ, роҳҳои байнидавлатӣ: Санкт-Петербург – Витебск Гомел – Киев – Одесса – Таллин – Рига – Вилнюс–Минск – Гомел – Киев ва шоҳроҳи Брест – Гродно мегузаранд. Аҳаммияти роҳҳои обӣ аз роҳҳои автомобилӣ кам набуда, бор ва мусофиркашонӣ дар дарёҳои Днепр, Припят, Березина, Сож, инчунин дар наҳрҳои киштигарди Днепр – Буг, Днепр – Неман, Березина сурат мегирад. Борҳои асосӣ маводди сохтмон (85%), ғӯлачӯб ва дигар маҳсулоти чангал мебошанд. Бо нақлиёти лӯлаӣ тавассути лӯлаҳо маҳсулоти нафтӣ (дарозии лӯла 2443 км), газ (5213 км), маводди ғизоӣ (1686 км) равона ва ирсол мешаванд. Дар Белоруссия 133 аэропорт (50-тоаш бетонпӯш), аз он ҷумла 3 аэропорти байналмилалӣ мавҷуд аст.
 
=== Савдои берунасрӣ ===
Аз Белоруссия ба кишварҳои дигар асосан маводди минералӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, саноати кимиё; маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, чӯбу тахта содир гардида, сӯзишворӣ, филиззот, баъзе қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, хӯроквоаванд. Аз Россия ба Белоруссия асосан сӯзишворӣ ва филиззоти гуногун ворид мекунанд. 90 дарсади мошинҳои боркаш, 80 дарсади дастгоҳҳо ва яхдонҳо, 60 дарсади мебели истеҳсоли Белоруссия дар бозорҳои Россия ба фурӯш мераванд. Шарикҳои тиҷоратии дигари Белоруссия Украина, Олмон, Полша, Литва, Нидерландия мебошанд.
 
=== Туризм ===
дар Белоруссия соҳаи даромаднок аст. Ба мамлакат соле то 60 ҳазор Сайёҳат дар кӯлу дарё тараққӣ кардааст, хатсайрҳои туристӣ силсилаҳои обии Баҳри Балтика ва Баҳри Сиёҳро ба ҳам мепайванданд.
==Тандурустӣ== Дар Белоруссия тибқи қонун «Дар бораи ҳифзи тандурустӣ» ба тамоми аҳолӣ хизмати тиббӣ ройгон аст. Марказҳои таҳқиқоти тиббии Белоруссия Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии гематология ва трансфузиология, Институти нейрохирургия ва физиотерапия, Институти таҳқиқоти илмии эпидемиология ва микробиология (Минск), Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии тибби радиатсионӣ ва экологияи инсон, Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии «Кардиология».