Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 79:
Театри Белоруссия аз маросим, расму ойин, идҳои мавсимии қадима маншаъ гирифтааст. Санъати скоморохҳо, ки дар бозору майдонҳо, баъдтар дар қасрҳои феодалҳо баромад мекарданд, нишонаҳои ин санъатро доштанд. Дар асрҳои 16–18 дар коллегиумҳо, семинарияҳо, «мактабҳои бародарона»-и Брест, Витебск, Гродно, Минск, Орша, Пинск ва дигар шаҳрҳо ба ном «театрҳои мактабӣ» дар саҳна моралите ва мистерияҳо (дар мавзъӯҳои динӣ), сужетҳо аз драмаҳои антиқӣ ва таърихиро мебозиданд. Театри лӯхтак – батлейка низ маъмул гашт. Дар асри 17 драмаи халқӣ (фолклорӣ) рӯйи саҳна омад (драмаи «Шоҳ Максимилян», ки аз он даврон то асри 20 намоиш дода мешуд). Дар асри 18 театрҳои крепостнойии князҳо Радзивиллов, Сапетов ва граф СОЛИ Зорич фаъолият доштанд. Аввали асри 19 театрҳои доимӣ арзи вуҷуд карданд (Витебск, Гродно, Минск). Театри касбии миллӣ бо ибтикори В. Дунин-Марсинкевич соли 1852 ба фаъолият шурӯъ кард. Солҳои 60 асри 20 асарҳои классикаи ҷаҳониро ба саҳна мегузоштанд. Театрҳои доимоамалкунанда («Труппаи аввалини Белорус», таҳти сарварии И. Буйнитский) арзи вуҷуд карданд. Солҳои 1941–45 театрҳои Белоруссияро ба шаҳрҳои гуногуни РСФСР кӯчонданд. Баъди ҷанг онҳо аз нав эҳё гардиданд ва асарҳои ифодакунандаи рӯҳи замон рӯйи саҳна омаданд: «Қалъаи Брест»-и К. Губаревич, «Одамон ва девҳо»-и К. Крапива, «Трибунал»-и АСРИ Макаёнок ва ғайра Инчунин асарҳои драматургони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва хориҷӣ таҳия мешуданд (асарҳои АСРИ Арбузов, Б. Брехт, М. Горкий, Я. Райнис, В. Розов ва дигарон). Дар шаҳрҳои Бобруйск, Брест, Гомел, Минск гузаронидани фестивалҳои театрӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
==Кино==
Соли 1914 дар ҳудуди Белоруссия 54 кинотеатри хусусӣ филмҳои русӣ ва хориҷиро намоиш медоданд. Аввалин филмҳои хроникавии белорусӣ («Сӯхтор дар Минск...») солҳои 1907 – 10 пайдо шудаанд. Соли 1922 Раёсати «Кинои Республикаи Белорус» таъсис ёфт, аввалин филмҳои хроникавӣ соли 1925 ва филми бадеии миллӣ («Ривояти ҷангал»-и Ю. Тарич, дар мавзӯи ҷанги гражданӣ) соли 1926 эҷод шудаанд. Соли 1928 дар Ленинград киностудияи «Беларусфилм» (аз соли 1933 ба Минск кӯчид) таъсис дода шуд. Филмҳои солҳои 30 асри 20 қаҳрамонии романтикӣ («Садои санавбарҳо»-и Л. Молчанов, «То фардо»-и Тарич), ахлоқию тарбиявӣ («Зан»-и Е. Дзиган, «Ҷӯяндагони бахт»-и Корш-Саблин ва ғайра), аз рӯйи асарҳои бадеӣ наворбардоришуда («Одам дар ғилоф», аз рӯйи асари АСРИ Чехов) ва филмҳои солҳои 1941–80 асосан дар мавзӯи ҷангу қаҳрамонӣ («Константин Заслонов», 1949; «Соат нисфи шаб аз гашт бозмонд» 1959; «Мушаки сеюм», 1963) буданд. Филмҳои мустанад низ бештар дар ҳамин мавзӯъ офарида мешуданд. «Москва – Генуя» (1964), «Ман, Франсиск Скорина» (1970) филмҳои таърихӣ буда, «Шаби якшанбе» (1977), «Дардат ба ҷонам» (1980) дар мавзӯи ахлоқиву маишӣ эҷод шудаанд. Солҳои 70 асри 20 «Беларусфилм» беҳтарин филмҳои телевизионӣ офарид («Харобаҳо тир мепаронанд» – 6 серия, 1970–72; «Замон моро интихоб кардааст» – 5 серия, 1976–78 ва ғайра). Филмҳои солҳои 1990–2000 дар мавзӯҳои таърихӣ, дар услуби «номҳо ва ҳодисаҳои фаромӯшшуда», фалсафӣ, масоили замон («Шабнами сафед»-и И. Добролюбов, «Политбюро»-и Пташук, «Парандагони белона»-и В. Дудин, «Ғасби Мистерия»-и Ф. Кудинейко ва ғайра) эҷод шудаанд. Дар ин давра филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанади ҷолиб низ офарида шуданд.
 
==Осорхонаҳо, китобхонаҳо==
Солҳои 1941–45 тамоми шабакаи осорхонаҳои Белоруссия хароб шуда буд. Вале бо кӯшиши зиёд аз нав эҳё гардиданд. Ҳоло дар Белоруссия 131 осорхонаи давлатӣ (бо 74 шӯъба) фаъолият доранд, ки дорои 2,6 млн воҳиди ҳифозатии фондҳои асосӣ ва 1 млн воҳид маводди ёрира­сон мебошанд. Осорхонаҳои калонтарин: Осорхонаи миллии таърих ва маданияти Беларус (1908), осорхонаи калисоиву бостоншиносӣ, осорхонаи миллии бадеӣ (1939; чун нигористони мусаввараҳо), осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943), осорхонаи мудофиаи Брест, осорхонаи бостоншиносии «Берестйе» (Брест), осорхонаи таърихи дин (Гродно). Дар Белоруссия 4743 китобхонаи оммавӣ, китобхонаҳои махсус ва китобхонаи муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд; калонтаринашон Китобхонаи миллии Беларус, Китобхонаи марказии илмии ба номи Я. Коласоли