Фарқият байни намунаҳои "Белорус"

==Сохти давлатдорӣ==
Тибқи конститутсияи соли 1994 қабулгардида Белоруссия давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва республикаи президентӣ аст. Сарвари давлат – президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад, сардори ҳукумат – сарвазир, мақоми қонунгузор – Маҷлиси миллист, ки аз ду палата – Шӯрои Республика (64 ҷой) ва Палатаи намояндагон (110 ҷой, ваколаташон 4 сол) иборат аст. Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ амал мекунанд. Белоруссия узви СММ (аз соли 1945), ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи соли 1999 басташуда Белоруссия якҷоя бо Россия давлати иттифоқӣ гаштанд. Муносибатҳои дипломатии Белоруссия бо Тоҷикистон аз 5 сентябри 1992 барқарор аст. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ дар [[Тоҷикистон]] Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Белоруссия» ва дар Белоруссия Ҷамъияти дӯстии «Белоруссия – Тоҷикистон» фаъолият доранд.
==Ҷуғрофиё ва геология==
[[File:Belarus satellite image MODIS Terra true color 2010-06-29.jpg|alt=Тасвири Белоруссия аз кайҳон|left|frameless|238x238px|Тасвири Белоруссия аз кайҳон]]
Белоруссия дар Ғарби Пастиҳои [[Аврупои Шарқӣ]], дар ҳудуди платформаи россиягии таҳкурсии қадимии кристаллӣ ва иборат аз таҳнишасти ҷинсҳои токембрийӣ воқеъ аст. Дар қитъаи начандон калони Полесйе хоро ва гнейсҳои мансуби давраи архей вомехӯранд, ки ҷо-ҷо ба рӯйи замин баромадаанд. Қисми шимолу ғарбии мамлакат аз қаторпуштаҳои харсангу шағалӣ, манотиқи ғарбӣ ва шарқӣ аз теппакӯҳҳои на он қадар баланд (Баландии Минск 345 м) ташаккул ёфтааст. Дар ҷануби Полесйеи Белорус бо таҳнишастҳои боқимонда аз обу пиряхҳои аҳди қадим падид омадааст. Белоруссия дорои захираҳои нафт ва конденсати газ (26,6 млн тонна), гази табиӣ (2,8 млрд м3) ва ангишт (107 млн тонна) буда, аз захираи 4-миллиардаи қабатҳои торфӣ танҳо 580 млн тоннаии он барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ истифода мешавад. Белоруссия аз ҷиҳати захираи намакҳои калийдор (5,25 млрд тонна, дар баргардон ба К2О – 840 млн тонна) дар ҷаҳон баъди Канада, Россия ва Олмон ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад. Захираҳои намаксанги саноатӣ баъди иктишоф 22 млрд тона муайян шудааст. Маводди сохтмонии табиӣ дар саросари мамлакат фаровон аст. Дар кӯлҳо ва қабатҳои торфӣ таҳнишастҳои сапропел (лойқаи ба сифати нурӣ истифодашаванда) хеле фаровон буда, миқдорашро 1,6 млрд тонна тахмин кардаанд. 70 чашмаи обҳои маъданӣ (минералӣ) омӯхта шуданд ва мавриди истифода қарор доранд.
===Иқлим===