Бабр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 17:
|colspan="2" align="center" bgcolor="#FFFFFF" |Belemnitida
|-
| colspan="2" align="center" bgcolor="#B2C5ED" |{{commons|Белемниты}}
|}
'''БÁБР''' (Panthera tigris), ҳайвони дарандаи ваҳшӣ, ки ба паланг шабоҳат дорад. Мансуби оилаи гурбашаклҳост. Ҷонвари хеле калон буда, дарозии баданаш то 3, думаш то 1,1 м аст; вазнаш 275–320 кг (дар шароити сунъӣ то 423 кг); баландиаш то сари устухони шона – 1,15 м. Модинааш хурдтар аст. Хусусан бабрҳои ҳиндӣ (банголӣ) ва амурӣ (сибирӣ) ҷуссаи бузург доранд. Қисми пеши бадани бабр нисбат ба қисми қафо бештар инкишоф ёфтааст. Пойҳои пеши бабр 5 ва пойҳои қафояш 4 ангушт дошта, чанголашон гиро аст. Тани бабрро пашми зичи паст пӯшидааст. Ранги тахтапушт ва паҳлуҳояш сурхчатоб; зери манаҳ ва шикамаш сафед буда, рахҳои борики сиёҳ дорад. Бабр асосан дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Покистон, Ҳиндустон, Ҳиндухитой, галаҷазираҳои Малай зиндагӣ мекунад. Дар Моварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ низ дучор меомад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бабр"