Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''АФЗÁЛУ-Т-ТАЗКÓР ФӢ ЗИКРИ-Ш-ШУАРÓ ВА-Л-АШЪÓР''' (أفضل ال تذکارالتذکار فی ذکرالذکر شعراءالشعراء و ال اشعار) тазкираи [[Афзал Махдуми Пирмастӣ]], ки таълифаш соли 1904 ба охир расидааст. Дар бораи аҳволу осори 135 нафар шоир ва аҳли адаби тоҷик, ки дар охири асри 19 зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот додааст. Афзал Махдуми Пирмастӣ дар таълифи «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» аз асари Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб» истифода кардааст. Инчунин номи 15 шоиреро, ки дар тазкираи Возеҳ набуданд, ба асараш илова намудааст. Дар «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» оид ба тарҷумаи ҳол ва хусусиятҳои ашъори шоирон маълумот кам аст. Муаллиф бештар ба хислатҳои шахсӣ ва сифатҳои зоҳирии шоирон диққат додааст. «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» дар дарбор бо фармоиши амири Бухоро таълиф шудааст, аз ин ҷиҳат муаллиф баъзан дар баҳо додан ба шахсият ва эҷодиёти шоирон яктарафа рафтор кардааст. Ӯ нисбат ба шоирони ҳақиқатхоҳу адолатпарвар назару андешаи бад дорад. Аз «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» ҳашт нусхаи дастнавис (маҳфуз дар Институти шарқшиносиии АИ [[Россия]] ва захираи дастнависҳои АИ [[Ӯзбекистон]]) ва як нусхаи чопшуда дар [[Тошканд]] (1916, бо эҳтимоми Салимбеки Иноқ) мавҷуд аст. Аз муқоисаи дастнависҳо ва нусхаи чопшуда бармеояд, ки котиб Абдуманнон ибни Абдулваҳҳоб ҳангоми ба чоп омода кардани асар ба он баъзе намунаҳои ашъор ҳикоятҳои хурд илова намуда, баъзе шоирони дуюмдараҷаро аз тазкира хориҷ кардааст.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]/''Р.Ҳодизода.''