Багам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''БАГÁМ''', Иттиҳоди Ҷазираҳои Багам (Bahama Islands), давлат дар Вест-Индия. Дар ҳайати Иттиҳодияи...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''БАГÁМ''', Иттиҳоди Ҷазираҳои Багам (Bahama Islands), давлат дар [[Вест-Индия]]. Дар ҳайати [[Иттиҳодияи Британияи Кабир]]. Дар галаҷазираҳои Багам воқеъ гардида, тахминан аз 700 ҷазира иборат аст. Калонтарини онҳо: Андрос, Абакои Калон, Багами Калон, Абакои Хурд, Берри, Ню-Прови­денс. Масоҳати умумиаш 13864 км2. Аҳолиаш 310 ҳазор нафар (2010). Пойтахташ шаҳри Нассо (дар ҷазираи Ню-Прови­денс). Мувофиқи сарқонун сардори давлат – Маликаи Британияи Кабир; намояндаи он дар Багам генерал-губернатор мебошад. Мақоми қонунгузор – парламенти дупалатагӣ. Он аз сенат (16 аъзо, ки аз тарафи генерал-губернатор таъйин мешавад) ва палатаи маҷлис (40 аъзо, ки ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ ва пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд) иборат аст. Ҳокимияти иҷроия тобеи Шӯрои (Кабинети) вазирон буда, онро сарвазир, ки ҳамчун пешвои ҳизби дар интихоботи парламентӣ ғолибгардида аз тарафи генерал-губернатор таъйин мегардад, сарварӣ мекунад. Ҳокимияти судӣ аз Суди Олӣ, Суди шикоятӣ ва 15 Суди магистратии дараҷаи поёнӣ иборат мебошад. Багам узви Созмони Дӯстӣ, СММ ва ташкилотҳои махсусгардонидашудаи он, Бонки рушди байниамрикоӣ, Бонки рушди Кариб аст.
Табиат. Ҷазираҳои Багам сатҳи ҳамвор дошта, асосан аз оҳаксанги марҷонӣ таркиб ёфтаанд ва хусусияти карстӣ доранд. Макони арагонит мебошад. Иқлимаш тропикии пассатист. Ҳарорати миёнаи декабр – февр. 210С (дар Шимол 190С), июл – август 240С (дар Ҷануб 320С). Дар як сол тақр. 310 рӯз офтобӣ. Миқдори миёнаи боришоти солона аз Шимол ба Ҷануб кам шуда, аз 1600 мм то 1100 мм мерасад. Моҳи аз ҳама сербориш – октябр (206 мм), аз ҳама хушк – декабр (33 мм). Дар қисми шимолии Багам барф, баъзан борони сел меборад (барфи охирин соли 1975), аммо зуд-зуд тӯфон рӯй медиҳад. Дарёҳо хеле кам, кӯлҳои шӯр бисёранд, ки ба баҳр мепайванданд. Оби ошомиданиро аҳолӣ аз чоҳҳои карстӣ мегирад. Дар ҷазираи Ню-Провиденс ширин кардани обҳои баҳр бо иқтидори 10 ҳазор м3 дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Майдони ҷангалзор дар ҷазираҳои Абако, Андрос, Багами Калон, Ню-Провиденс боқӣ мондаанд, ки 32%-и масоҳ. мамлакатро ташкил медиҳанд. Хокаш сурхтоби латеритӣ. Буттазорҳои серхори ҳамешасабз бештар буда, қисми зиёди майдонро бешаҳои санавбар ишғол кардаанд. Ҳайвоноташ кам. Еноти ваҳ­шии Багам ягона дарандаи ваҳшии Вест-Индия мебошад. Кӯршаб­паракҳо, калтакалос ва сусморҳо мавҷуданд. Дар Багам парандаҳои кӯчӣ зиёданд: мурғобии ёбоӣ, ғоз ва бутимор (фламинго, рамзи миллии Багам), 28 навъи парандаҳо эндемикианд, аз ҷумла тӯтии маҳаллӣ. Барои ҳифзи ҷангалзор ва олами ҳайвонот 12 боғу мамнуъгоҳ (бузургтаринаш дар ҷазираҳои Абакои Калон ва Инагуаи Калон) мавҷуданд.
:'''Аҳолӣ'''. Аҳолии ҷазираҳои Багам асосан багамиҳоянд (85%) – аз авлоди ғуломони зангӣ; 10% – англисҳои маскуншуда ва боқимонда аз [[Осиё]] ва мамлакатҳои испанизабони Амрикои Лотинӣ. Аҷдоди багамиҳо ба қабилаҳои гуногуни [[Африқо]] мансуб буда, онҳоро аз он ҷо мустамликадорони англис дар асрҳои 17–19 овардаанд. Забони расмӣ – англисӣ. Аксарияти диндорон католиканд. Аҳолиаш нобаробар ҷой гирифтааст, 70%-и аҳолӣ дар ҷазираи Ню-Провиденс ва 15% дар ҷазираи Багами Калон маскун шудаанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 – 22,4 нафар. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна – 65,6 сол, аз ҷумла занҳо – 69,1 ва мардҳо – 62,2.
:'''Иқтисодиёт'''. Иқтисодиёти Багам аз соли 1950 дар соҳаи хиз­матрасонӣ тахассус пайдо кардааст. Ба соҳаи сайёҳӣ баъди солҳои 60 асри 20 хидматрасонии молиявӣ (бонкӣ) илова гардид. Аз нисф зиёди аҳолии мамлакат ба тиҷо­рати сайёҳӣ машғул аст. Сайёҳон бештар аз Амрико меоянд. Моҳидорӣ, истеҳсоли намак, нафт, семент, машрубот ва саноати дорусозӣ тараққӣ кардааст. Асосан ананас, помидор, картошка ва мева парвариш мекунанд. Аксари соҳаҳои иқтисодиёт зери назорати сармояи хориҷӣ мебошанд.
Таърих. Ҷазираҳои Багам соли. 1492 аз тарафи Христофор Колумб кашф гардида, сокинони аввалини он тахминан аз а. 9 маскун буданд. То замони кашф гардидани Багам аз тарафи аврупоиён дар он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагонӣ мекарданд. Соли 1718 Багам мустамликаи Британия шуд. Соли 1781 аз тарафи испаниҳо тасарруф гардид ва соли 1783 боз ба ихтиёри Британия гузашт. Соли 1781 дар Британияи Кабир ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд ва дар Багам низ ғуломонро озод карданд. Тибқи Конститутсияи нав соли 1964 Багам ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Аз соли 1973 Багам давлати соҳибистиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Британия мебошад.
:'''Матбуот, радио ва телевизион'''. Воситаҳои ахбори омма озоданд ва аз тарафи давлат ҳеч гуна маҳдудият нисбат ба онҳо ба назар намерасад. Ягона ширкати телеви­зионӣ – ZNS Bahams, ки аз тарафи Корпоратсияи радио ва телевизиони Багам маблағгузорӣ мешавад, бо ҳукумат ҳамкорӣ дорад. Рӯзномаҳои «The Bahama Jour­nal», «Freeport New The Nassau Guardian» ва «The Tri­bune» ҳафтае 2 маротиба нашр мешаванд.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Багам"