Иван Баграмян: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''БАГРАМЯН''' Иван Христофорович (2.12.1897–21.9.1982), лашкаркаши шӯравӣ, Маршали ИҶШС|Иттиҳоди Шӯрав...
(бе тафовут)

Нусха 07:09, 15 марти 2015

БАГРАМЯН Иван Христофорович (2.12.1897–21.9.1982), лашкаркаши шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944, 1977). Аз соли 1915 ходими ҳарбӣ. Хатмкардаи мактаби прапоршикҳо (1917). Ширкаткунандаи Ҷан­ги якуми ҷаҳонӣ (1914–18) ва Ҷанги шаҳрвандии Россия (1918–20). Соли 1920 ба Артиш (Армия)-и Сурх дохил шуд (фармондеҳи эскадрони пулемётчиён, полки савора, сардори ситоди дивизияи савора). Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1934), Академияи ҳар­бии Ситоди генералиро хатм кард (1938). Муаллими калони академияи Ситоди генералӣ (1938), сардори шуъбаи фаврии ситоди махсуси Округи ҳарбии Киев (1940). Аз ибт. ҶБВ (1941–45) дар вазифаи ҷонишини сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубу Ғарбӣ дар ташкили мудофиаи Киев, тарҳрезӣ ва ҳуҷуми ҷавобӣ дар амалиёти ҷангии назди Ростов ва Елетск иштирок кард. Аз декабр 1941 сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубу Ғарбӣ, аз июни 1942 фармондеҳи лашкари 16-ум, аз ноябри 1943 фармондеҳи сипоҳиёни Ҷабҳаи 1-уми Назди Балтика. Сипоҳиён таҳти фармондеҳии Баграмян дар муҳорибаи Курск (1943), амалиёти Белоруссия (1944) ва ғ. ғолиб омадаанд. Соли 1945 Баграмян фармондеҳи гурӯҳи фаврии Земландск ва Ҷабҳаи 3-юми Белоруссия буда, душманро дар назди Кёнигсберг шикаст дод. Солҳои 1945–54 фармондеҳи Округи ҳарбии Назди Балтика, 1954–55 сарнозири Вазорати мудофиа, 1955–56 ҷонишини вазири мудофиа, 1956–58 сардори Академияи ҳарбии Ситоди генералӣ, 1958–68 сардори Ақибгоҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, аз соли. 1968 нозири генералии Гурӯҳи нозирони генералӣ. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2–7). Бо 7 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи I), ордени Кутузов (дараҷаи I) ва диг. ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор
  • Так начиналась война. 2 изд. Москва, 1977;
  • Так шли мы к Победе. Москва, 1977;
  • Мои воспоминания. Ереван, 1979.
Адабиёт
  • Мержинов М. И. Солдат, генерал, маршал. Москва, 1974;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005.