Багратунҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''БАГРАТИҲÓИ АРМÁН''', Багратунҳо, сулолаи қадимтарини бонуфуз дар Арманистон. Маълумоти авв...
(бе тафовут)

Нусха 09:03, 15 марти 2015

БАГРАТИҲÓИ АРМÁН, Багратунҳо, сулолаи қадимтарини бонуфуз дар Арманистон. Маълумоти аввалин доир ба Багратиҳои Арман ба асри 1 то милод рост меояд. Дар замони истилои арабҳо (асрҳои 8–9) Багратиҳои Арман батадриҷ соҳиби шашяки ҳудуди Арманистон гаштанд. Пойтахти давлаташон Ширак шуд. Багратиҳои Арман унвони шоҳаншоҳи («князи князҳо»)-ро соҳиб шуда, муборизаро барои истиқлол бар зидди араб­ҳои истилогар давом дода буданд. Соли 886 Ашоти I подшоҳ шуд. Соли 961 пойтахти шоҳигарии онҳо ба шаҳри Анӣ кӯчид. Авҷи давлатдории сулолаи Багратиҳои Арман ба нимаи дуюми асри 10 ва аввали асри 11 дар замони шоҳигарии Ашоти III, Симбати II ва Гагики I рост меояд. Соли 1045 баъди забт шудани Арманистон аз тарафи Византия, давлати Багратиҳои Арман завол ёфт.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2 Гурӯҳ Таърих