Бағдод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Haifa street, as seen from the medical city hospital across the tigres.jpg|thumbnail]]
File:Haifa_street,_as_seen_from_the_medical_city_hospital_across_the_tigres.jpg
'''БАҒДÓД''', пойтахт (аз 1921) ва калонтарин шаҳри [[Ироқ]], маркази маъмурии музофоти Бағдод, дар соҳили [[Даҷла]] ҷойгир аст. Аҳолиаш 6,05 млн нафар (бо атрофаш 6,5 млн нафар, 2011) зиёда аз 75 дарсад арабҳо, инчунин курдҳо, туркҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ва диг. миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ дорад. Соли 762 дар замони халифа ал-Мансур (754–775) сохта шуд ва ба ҷойи шаҳри Куфа пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Аввал Мадинату-с-Салом (Шаҳри Сулҳ) ном дошт. Ҳанӯз дар асри 9 бо [[Ҳиндустон]], мамолики Араб ва Аврупо ва асри 10 бо давлати Рус робитаи тиҷоратӣ дошт. Замони шукуфоии Бағдод ба давраи ҳукмронии халифа [[Ҳорунаррашид]] (асри 9) рост меояд, қасрҳо, мадрасаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ сохта шуданд. Тӯли чандин садсола маркази бузурги илмию фарҳангии Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ишғоли Бағдод ба дасти оли Буя (соли 945) ва Салҷуқиён (соли 1055) сурат гирифта, яке аз шаҳрҳои ин хонадонҳо шуд. Соли 1258 аз ҷониби лашкари хони муғул Ҳулоку ишғол ва хароб карда шуд, солҳои 1393 ва 1401 лашкариёни Темур шаҳрро ғорат карданд. Асрҳои 16–17 зери итоати салҷуқиёну форсҳо қарор дошт, аз соли 1638 ба ҳайати Империяи Усмонӣ ворид гардид. Соли 1917 Бағдодро нерӯҳои низомии англис ишғол намуданд. Аз соли 1921 пойтахти шоҳигарии Ироқ ва аз 14 июли соли 1958 пойтахти Ҷумҳурии Ироқ мебошад. Солҳои 1997–98 аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии [[ИМА|Амрико]] ва [[Британияи Кабир]] бомбаборон карда шуд. Апрели 2003 шаҳр зери тасарруфи нерӯҳои амрикоӣ-британӣ қарор гирифт. Дар Бағдод бисёр корхонаҳои саноатӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ), инчунин муассисаҳои илмию фарҳангӣ ҷойгиранд, ки қисми зиёдашон ҳангоми бомбаборони соли 2003 хароб гардиданд. Даҷла шаҳрро ба соҳили рост (Карх) ва чап (Русофа) ҷудо менамояд. Дар Бағдод АИ Ироқ, се донишгоҳ, маҷмааи осорхонаи «Кохи Аббосиён», осорхонаи мардумшиносӣ, дахмаҳои Мусо ал-қадим, Зубайда ва дигар иншоот ҷойгиранд. Масҷиди [[Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит|Имоми Аъзам]] он ҷост.
== Манбаъ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бағдод"