Фарқият байни намунаҳои "Афидиидҳо"

no edit summary
[[File:Aphid.with.aphidiinae.3.jpg|thumb|Афид]]
'''АФИДИЍДҲО''' (Aphidiidae), як навъи [[ҳашарот]]. Дар организми ширинчаҳо зиндагӣ мекунанд. Афидийҳо ҳашароти майда (4–5 мм) буда, ду ҷуфт бол, мӯйлабча ва шиками борик доранд. Тухмашон майдаи дарозрӯя, беранг ва шаффоф аст. Кирминаашон сафеди ҷилодор, аз 13 банд иборат аст. Ғумбаки (зочаи) Афидийҳо сафеди зардча буда, маъмулан, дар пилае, ки дар дохили ширинчаи мурда ё зери шиками он танида шудааст, ҷойгир мебошад. Кирминаҳои афидийҳо баъди аз сар гузарондани зимистон ба зоча табдил ёфта, охири март ва аввали апрел аз пила мебароянд. Афидийҳои модина ширинчаҳоро аз рӯйи бӯяшон ёфта, ба организми онҳо тухм мегузорад. Ҳар як афидииди модина аз 50 то 300 тухм мегузорад. Дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ афидийҳо 5–7 маротиба насл медиҳад. Онҳо вобаста ба ҳомил дар минтақаҳои гуногун паҳн мешаванд. Дар ширинчаҳои [[пахта]], юнучқа ва дигар зироат асосан навъҳои Aphidius ervi, A. funebris, Praon voluere, P. dorsale ва ғайра [[паразит|паразитӣ]] мекунанд. Афидийҳо барои кам кардани миқдори ширинчаи пахтазор ва дигар зироат аҳаммияти фаровон доранд.
== Манбаъ ==
235

edits