Фарқият байни намунаҳои "Афидофагҳо"

no edit summary
(Саҳифаи нав: АФИДОФÁГҲО (аз лот. aphis – ширинча ва юн. phagos – мехӯрам), як навъи ҳашарот. Ғизои Афидофагҳо шири...)
 
АФИДОФÁГҲО (аз [[Лотинӣ|лот]]. aphis – [[ширинча]] ва юн. phagos – мехӯрам), як навъи [[ҳашарот]]. Ғизои Афидофагҳо ширинчаҳо мебошанд. Асосан дар ноҳияҳои [[пахтакорӣ|пахтакор]] дучор меоянд. Барои маҳв кардани ширинчаҳои пахтазор какана, тилочашмак, сирфидҳо, трипсу кайкҳои даранда ва ғайра аҳаммият доранд. Дар кам кардани миқдори зараррасонҳои [[табиат]] хусусан аҳаммияти какана ва тилочашмак назаррас аст. Онҳо дар баробари ширинча тортанаккана, тухм ва кирминаи пулакчаболҳои ноболиғ, инчунин кирминаи фитономусро низ нест менамоянд. Дар организми ширинчаи рустаниҳое, ки бо мақсади киштгардони [[пахта]] кошта шудаанд, бисёр навъҳои Афидофагҳоафидофагҳо (аз оилаи Aphidiidae, Aphelinidae, Miscogasteridae, Cynipidae ва ғайра) сукунат ихтиёр мекунанд. Ин навъ Афидофагҳоафидофагҳо [[эндопаразит]] (паразитҳои махсуси дохилӣ) буда, дар бадани ширинча тухм мегу­зоранд. Аз тухм Афидофагҳоафидофагҳо ба вуҷуд меоянд ва дар натиҷаи инкишоф ёфтани онҳо ширинча нобуд мешавад. Барои нобуд кардани зараррасонҳои зироат хусусан [[афидиидҳо]] аҳаммияти фаровон доранд.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
* Исанчев В. В. Защита растений от вредителей. М., 2002.
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Ботаника]]
235

edits