Фарқият байни намунаҳои "Афина (асотир)"

no edit summary
{{дигар мазмунҳо|Афина}}
[[File:Athena-Lower Gardens of Peterhof.jpg|thumb]]
'''АФЍНА''', дар асотири [[Юнони Қадим]] илоҳаи хирадмандӣ ва ҷанги боадолат. Тибқи ривоёт Афина мусаллаҳ аз сари [[Зевс]] пайдо шудааст. Гӯё Зевс ҳамсари худ [[Метида|Метидаро]] ҳангоми дар батни ӯ будани Афина фурӯ бурда бошад. Афина дар муборизаи худоён бо бузургҷуссагони саҳрои [[Флегрей]] ширкат намуда, ба бисёр қаҳрамонон – [[Персей]], [[Одиссей]], [[Ҳеракл]] мадад расондааст. Дар баҳсе бар [[Посейдон]] ғолиб омада, ҳомии давлати Афина шуд. Дар [[Акропол|Акрополи]] Афина ҳайкалҳои машҳури биринҷии Афинаҳо сохта шуда буданд. Дарахти муқаддаси Афина [[зайтун]], ҳайвони муқаддас [[мор]] ва парандаи муқаддаси Афина бум маҳсуб мешавад.
 
Дар [[асотири Рими Қадим]] ба Афина [[Минерва]] мувофиқат мекунад.
235

edits