Беморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 3:
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали муҳофизатӣ ва мутобиқати онро ба кор медарорад. Яъне беморӣ одатан ду протсесси дорои робитаи мутақобил – осеб ва муҳофизатро дарбар мегирад. масалан, ҳангоми илтиҳоб ҳам бофтаҳо иллат меёбанд ва ҳам дар манбаи илтиҳоб заҳри бактерияҳо ҷамъ омада, ин мавзеъ бо хун ниҳоят хуб таъмин мешавад, фаъолияти ҳуҷайраҳо афзуда, бофтаи иллатиро аз маҳсули таҷзия тоза мекунад, баҳри зуд барқарор шудани он ёрӣ мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутобиқати аз ҳад зиёд метавонад ҷараёни бемориро вазнин гардонад. масалан, ҳангоми қай ва исҳол моддаҳои зарарнок ва заҳролуд аз меъда ва рӯда мераванд ва бо ҳамин сабаб организм ба об мӯҳтоҷ гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.

Ҳар беморӣ ихтилоли фаъолияти организм аст. Зуҳуроти он аксар вақт дар як узв ё силсилаи узвҳо ба мушоҳида мерасад. масалан, захми меъда як зуҳур бошад ҳам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан оқибат халал ёфтани кори силсилаи асабҳост (бинобар ихтилол ва эмотсияҳои манфӣ, изтироби рӯҳӣ ё ҷисмонӣ). Ғаму андӯҳ, тарзи ҳаёти номураттаб, вайрон кардани тартиби меҳнату истироҳат, тағзия ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ҳамчунин тамокукашӣ ва майпарастӣ, ки организмро заиф сохта, мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, оқибат беморӣ меоранд. Ҳар гуна осеби ҷузъӣ низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин рӯ беҳдошти тандурустӣ ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. масалан, дар аснои иллати фасодноки ҷузъӣ – думбал, пучак, ва ҳафтпӯст, одатан, зуҳуроти умумӣ (баланд гаштани ҳарорати бадан, таб, камиштиҳоӣ, сустӣ ва ғайра) мушоҳида мешаванд.

Сабабҳои пайдоиши бемориҳо гуногун мебошанд. Беморӣ метавонад аз таъсири як ё чанд омил ба вуҷуд ояд. масалан, бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ дар натиҷаи ба организм таъсир кардани бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳои микроскопӣ, кирмҳои бемориангез ва ғайра инкишоф меёбанд. Ҳар як бемории сироятӣ ангезандаи муайян дорад. Аммо бисёр микроорганизмҳо дар организмҳое, ки неруи муҳофизиашон суст аст, инкишоф ёфта, боиси беморӣ мешаванд. Бисёр иллатҳо бо сабабҳои гуногун сар мезананд. масалан, газаки меъда (илтиҳоби пардаи луобии меъда) дар натиҷаи дуру дароз вайрон кардани тартиби истеъмоли хӯрок, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамокукашӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғайра инкишоф меёбад. Вазъи организм, имкониятҳои муқобилат ва мутобиқати он низ ба пайдоиш ва ҷараёни беморӣ мусоидат менамоянд. масаланМасалан, аз таъсири омили беморизо агар як шахс бемор шавад, пас шахси дигар бемор нашуданаш мумкин. Ё ҳамон як бемориро ҳар кас ба таври гуногун паси сар мекунад.

Бемориҳо шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу ҷараёни бемории шадид чор давра дорад: ниҳонӣ, оғоз, авҷ ва хотима.

== Таснифоти бемориҳо ==
Бемориҳо шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу ҷараёни бемории шадид чор давра дорад: ниҳонӣ, оғоз, авҷ ва хотима.

* ниҳонӣ
* оғоз
* авҷ
* хотима.
Давраи ниҳонӣ (дар бемориҳои сироятӣ давраи инкубатсия) муддатест аз лаҳзаи таъсири омили бемориовар то пайдоиши нишонаҳои аввалини клиникии беморӣ Давраи оғози беморӣ муддатест аз падидоии нишонаҳои аввалини клиникии беморӣ то пурра инкишоф ёфтани аломатҳои он. Дар ин давра аломатҳои умумии бисёр беморӣ (дарди сар, вараҷа, табларза, беҳолӣ ва ғайра) мушоҳида мешаванд; аломатҳои хоси беморӣ дертар, яъне дар давраи авҷи беморӣ зоҳир мегарданд. Дар давраи оғози беморӣ ташхиси аломатҳои хоси он номумкин аст. Дар давраи авҷи беморӣ аломатҳои хос падид меоянд. Вале баъзан онҳо чандон аён нестанд (шакли мубҳами касалӣ) ё пурра инкишоф наёфта, нест мешаванд (шакли нотамом). Агар ба беморӣ ягон ориза (оқибати ногувори бемории асосӣ) ҳамроҳ шавад, пас ҷараёни он метавонад тағйир ёбад. Давраи хотимаи беморӣ зуд, ногаҳон (ё бӯҳрон) ва тадриҷан мегузарад. Беморӣ пурра ё нимкора шифо меёбад. Тағйироти ҷиддии ягон узв ё силсилаи узвҳо ба он оварда мерасонад, ки маризӣ шакли музмин гирад. Ҳангоми шифои комил фаъолияти мӯътадили организм барқарор хоҳад шуд. Баъди бисёр бемориҳои сироятӣ организм нисбат ба онҳо масуният (иммунитет) пайдо мекунад. Гоҳо фаъолияти организм мӯътадил мегардад, вале аз баъзе иллатҳои боқимонда кори ин ё он узв ноқис мемонад (шифои нопурра). Беморӣ музмин шавад ҳам, тартиб ва табобати таъинкардаи духтурро давом бояд дод, вагарна беморӣ боз авҷ мегирад.

Муолиҷаи саривақтӣ ва риояи қатъии таъиноти духтур омилҳои муҳими рафъи беморӣ мебошанд. Пас, агар шахс андаке нотоб шавад, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намояд. Худмуолиҷа ё қатъи худсаронаи табобат хатарнок аст. Чунин беэътиноии бемор ба пайдоиши оризаҳои беморӣ ва музмин гаштани он, корношоямӣ ва марг оварда мерасонад.

Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Беморӣ"