Беморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Michael Ancher 001.jpg|alt=Духтари бемор (Den syge pige) рассом, Анкер Микаэл (соли 1882)|thumb|'''Духтари бемор''' (Den syge pige) [[рассом]], Анкер Микаэл ([[соли 1882]])]]
'''Беморӣ''' ё '''маризӣ''' ба ноҳинҷорӣ дар бадан ва равон мегӯянд, ки ба иллати нороҳатӣ, ихтилоли амалкард ё таниш дар бемор ё сайри афроди муртабит бо ӯ эҷод мегардад. Албатта бояд миёни беморӣ ва сайри ҳолатҳои пизишкӣ монанди хастагӣ, заъифӣ, касолат ва андӯҳ тафовут гузошт<ref>Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%A8%DB%8C%D9%85%D8%A7%D8%B1%DB%8C</ref>. <br />
'''Беморӣ''' ({{забон-код|la|}} ''morbus''), ихтилоли фаъолияти организм ва робитаи мутақобилаи он бо муҳит. Аз беморӣ, одатан, қобилияти корӣ муваққатан ё доимӣ суст ё гум мешавад.

== Омилҳои беморизо ==
Одам аз таъсири омилҳои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири онҳо аз имкониятҳои муҳофизӣ ё талофии организм зӯртар бошад). Барои пайдоиши беморӣ як маротиба таъсир расондани омили беморизо (масалан, зарбу лат, заҳролудӣ) кифоя аст. Аз таъсири дуру дарози омилҳои мазкур (масалан, муттасил вайрон кардани тартиби тағзия боиси дарди меъдаю рӯда, пурхӯрӣ боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва фарбеҳӣ мегардад) низ кас бемор мешавад. Нуқси инкишоф ё нуқси ирсӣ (ниг. [[Бемориҳои ирсӣ]]) низ сабаби беморӣ мегардад.<br />
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали муҳофизатӣ ва мутобиқати онро ба кор медарорад. Яъне беморӣ одатан ду протсесси дорои робитаи мутақобил – осеб ва муҳофизатро дарбар мегирад. масалан, ҳангоми илтиҳоб ҳам бофтаҳо иллат меёбанд ва ҳам дар манбаи илтиҳоб заҳри бактерияҳо ҷамъ омада, ин мавзеъ бо хун ниҳоят хуб таъмин мешавад, фаъолияти ҳуҷайраҳо афзуда, бофтаи иллатиро аз маҳсули таҷзия тоза мекунад, баҳри зуд барқарор шудани он ёрӣ мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутобиқати аз ҳад зиёд метавонад ҷараёни бемориро вазнин гардонад. масалан, ҳангоми қай ва исҳол моддаҳои зарарнок ва заҳролуд аз меъда ва рӯда мераванд ва бо ҳамин сабаб организм ба об мӯҳтоҷ гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.<br />
Ҳар беморӣ ихтилоли фаъолияти организм аст. Зуҳуроти он аксар вақт дар як узв ё силсилаи узвҳо ба мушоҳида мерасад. масалан, захми меъда як зуҳур бошад ҳам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан оқибат халал ёфтани кори силсилаи асабҳост (бинобар ихтилол ва эмотсияҳои манфӣ, изтироби рӯҳӣ ё ҷисмонӣ). Ғаму андӯҳ, тарзи ҳаёти номураттаб, вайрон кардани тартиби меҳнату истироҳат, тағзия ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ҳамчунин тамокукашӣ ва майпарастӣ, ки организмро заиф сохта, мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, оқибат беморӣ меоранд. Ҳар гуна осеби ҷузъӣ низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин рӯ беҳдошти тандурустӣ ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. масалан, дар аснои иллати фасодноки ҷузъӣ – думбал, пучак, ва ҳафтпӯст, одатан, зуҳуроти умумӣ (баланд гаштани ҳарорати бадан, таб, камиштиҳоӣ, сустӣ ва ғайра) мушоҳида мешаванд.<br />
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Беморӣ"