Бензин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Gasoline in mason jar.jpg|alt=Бензини навъи А-80|thumb|Бензини навъи А-80]]
Бензин маҳсулотест,ки аз [[нафт]] хосил карда мешавад. Моеи шаффоф, зудоташгиранда буйи махсус дорад. Дар рузгор бензини холисро барои равонидани доги равган, рангхои равганин, стеарин, парафин, муми сафед ва..., инчунин барои оташафрузак (зажигалка) истифода мебаранд.Бензинро дар зарфи шишагини дахонаш пушида (бо пуки резинй махкам кардан мумкин нест) дуртар аз алав, плитаи электрй ва дигар асбобхои гармкунанда нигох медоранд.<br />
'''БЕНЗИН''' ({{забон-код|fr|}} '''''benzine'''''), як навъ сӯзишворӣ; омехтаи карбогидридҳои сохташон гуногун. Моеи беранг, ҳарор. ҷӯшишаш 30–205<sup>о</sup>С, ҳарорати яхбандиаш– 60<sup>о</sup>С, зичиаш 700–780 кг/м<sup>3</sup>. Ҳангоми 74–123 г/см<sup>3</sup> будани консентратсияи буғи бензин омехтаи тарканда ҳосил мешавад. Бензинро асосан дар натиҷаи тақтир ва коркарди нефт, гоҳо ҳангоми коркарди ангишт ва варақсанги сӯзанда, инчунин аз газҳои табиӣ ва якҷоя бо нафт ҳосил мекунанд.
Line 5 ⟶ 6:
Охири асри 19 бензинро асосан чун сӯзишворӣ барои при­мусҳо ва воситаи зидди уфунат (антисептикӣ) кор мефармуданд (он дар дорухонаҳо фурӯхта мешуд). Аз нафт бештар керосин гирифта, ҳама моддаҳои дигар, аз ҷумла бензинро месӯзонданд ё мепартофтанд. Баъди истеҳсоли муҳаррикҳои дарунсӯз бензин ба маҳсулоти асосии коркарди нафт табдил ёфт. Бензин чун сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои карбюраторӣ ва инжекторӣ, ракетаҳо, истеҳсоли парафин ва ғайра истифода мешавад. Бензинеро, ки чун сӯзишворӣ истифода мебаранд, ба бензини автомобилӣ ва авиатсионӣ ҷудо мекунанд. Бензини автомобилӣ тобистона (апрел–сентябр истифода мебаранд) ва зимистона (октябр–март кор мефармоянд) мешавад. Дар бензини зимистона миқдори карбогидридҳои ҳарорати ҷӯшишашон паст бештар аст.<br />
Хусусияти асосии бензин тобоварӣ ба детонатсия (дар муҳаррик муътадил сӯхтани он) мебошад. Хосияти мазкур аз рӯйи адади октанӣ муайян карда мешавад. Адади октанӣ ҳар қадар баланд бошад, бензин ба детонатсия ҳамон қадар тоб меорад. Адади октании бензини беҳтарини автомобилӣ бояд 35 ва бензини авиатсионӣ 100 бошад.<br />
Бензинро аз рӯйи адади октанӣ ба навъҳо ҷудо мекунанд. Барои автомобилҳо бензини '''''А-66, А-72, А-76, АИ-80, АИ-92, АИ-93, АИ-95, АИ-98''''' (ададҳо бо адади октанӣ мувофиқанд) ва барои авиатсия бензин-100/130, бензин-95/130, бензин-91/115 (сурат – адади октанӣ, махраҷ – навъи бензин) истеҳсол карда мешавад. Пайвастҳои [[сулфур]], ки дар таркиби бензин вуҷуд доранд, боиси занг задани [[муҳаррик]] мешаванд. Бинобар ин, дар бензин ҳои автомобилӣ миқдори сулфур бояд <0,15%, дар бензинҳои авиатсионӣ <0,05% бошад.<br />
Омехтаҳои бензинии нафт ҳамчунин ба сифати ҳал­кунандаҳо дар истеҳсолоти сирешҳои резинӣ, локу ранг, чарми сунъӣ, тоза кардани равғани рустанӣ ва ғайра кор фармуда мешаванд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бензин"