Бобаки Хуррамдин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 11:
==Зиндагинома==
Мазҳаберо бо номи дини хуррам поягузорӣ кард. Дар ҷавонӣ Бобак аввал чӯпон буд ва баъд бо ҳаракати хуррамиён алоқа барқарор намуда, пас аз кушта шудани Ҷовидон, ки сарвари ҷунбиш буд, роҳбари он гардид. Тарафдорони Бобаки Хуррамдин. пироҳани сурхранг мепӯшиданд ва ба ин сабаб қиёми онҳоро шӯриши «Сурхҷомагон» номидаанд. Бобаки Хуррамдин. мехост дини Маздакро аз нав эҳё намояд (дохил шудани зоти Худованд дар бадани анбиё). Вай худро намоди (рамзи) рӯҳи ҷовидон медонист. Шӯриши Бобаки Хуррамдин бар зидди ҳукумат, созмони девон, заминдорон ва соҳибони иқтаҳо, ки ҳеч инсофу шафқат ба мардум надоштанду халқ аз пардохти ҷизя ва хироҷ ба дод омада буд, шурӯъ шуд. Қиёми Бобаки Хуррамдин с. 817 дар Озарбойҷон ва атрофи рӯди Арас оғоз гардид.
 
[[Акс:Портрет Бабека Шарифзаде.jpg|thumbnail|right]]
Ӯ бо ҷонибдоронаш давоми 24 сол бо лашкари араб мубориза бурд. Аз ҷумла фармондеҳони воломақоми халифаҳои Аббосиён – Маъ­мун ва Муътасимро аз байн бурд. Ҳамаи ситамдидагон ба қиёми Бобаки Хуррамдин ҳамроҳ шуданд. Мутаассифона, байни онҳо роҳзанону аз зиндон раҳоёфтагон низ буданд, ки боиси мусодираи амвол, шиканҷа, қатли заминдорон, ғорати деҳқонони бузург ва ҳатто куштори занону кӯдакони бегуноҳ гаштанд. Бо чунин нерӯ Бобаки Хуррамдин сабаби ваҳшати хилофати Аббосиён дар тамоми Озарбойҷон шуд. Ҳар шаҳреро, ки Бобаки Хуррамдин бо набард тасхир кард, ш. Бобак номиданд. Барои фурӯ нишондани қиёми Бобаки Хуррамдин Яҳё ибни Маъоз (волии Арманистон) бо лашкари фаровоне кӯшид, аммо аз уҳдаи шикаст додани шӯриши ӯ набаромад. Волии Озарбойҷону Арманистон Исо ибни Муҳаммад (820–821) низ дар набардҳои зидди Бобаки Хуррамдин шикаст хӯрд. Халифа Маъмун волии Хуросон Абдуллоҳ ибни Тоҳирро барои пахши ин шӯриш фиристод, вале ноком шуд. Халифаи ҳаштуми Аббосиён – Муътасим (832), ки баъди Маъмун ба тахти хилофат нишаста буд, муборизаро алайҳи Бобаки Хуррамдин оғоз кард. Халифа лашкаркаши эронинажоди навмусулмони худ Афшини Хазир ибни Ковусро, ки аз Усрушанаи Суғд буд, бо лашкари анбӯҳ ба набарди Бобаки Хуррамдин фиристод (836). Афшин се сол баъд Баззро муҳо­сира намуда, тадбире андешида ба Бобаки Хуррамдин бо ваъдаҳое дар густариш ва ҳифзи ойини куҳани аҷдодӣ номаҳои дӯстона навишт ва ӯро ба тарки қалъа водор сохт. Афшин қалъаро гирифт ва Бобаки Хуррамдин ба Арманистон фирор кард. Шоҳзодаи Арманистон Саҳл ибни Синдбод, бо исрори фиристодагони халифа, Бобаки Хуррамдинро таслими душманон кард. ӯро ба тахтгоҳи халифаи Аббосиён – Сомарро (наздики Бағдод) оварда ба қатл расонданд (янв. 839/840). Бо қатли Бобаки Хуррамдин шӯриши хуррамдинон саркӯб шуд ва наҳзати онҳо аз байн рафт.