Бобиев Ғуломқодир: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБИЕВ Ғуломқодир Муккамолович |Акс= |Зодрӯз=17.3.1960 |Зодг...
(бе тафовут)

Нусха 08:18, 18 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБИЕВ Ғуломқодир Муккамолович (тавалуд 17.3.1960, ноҳия Ваҳдат), кимиёдон, д. и. биология (2000), профессориессор. (2004).

Зиндагинома

Хатмкардаи УДТ (1983). Муҳандис (1983–84), х. х. (1984–88) ва илмии (1988–89) ҳамин университет. Солҳои 1989–91 мудири озмоишгоҳи химияи амалии Фирмаи таҳқиқоти илмии «Хайём», озмоишгоҳи химияи биоорганикии Ширкати Тоҷикистону Ҳиндустон «Ховар» (1991–92), директори Корхонаи хурди «Занд» (1992–97), мудири озмоишгоҳи химияи пайвастҳои табиии Институти кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997–2000), х. к. илмии Институти ветеринарияи АИ Кишоварзии Тоҷикистон (2000–01), мудири кафедраи химияи органикӣ ва биохимия (2002–06), декани фа­кул­таи кимиёи ДДОТ (2006–07) буд. Аз с. 2007 – раиси Кумитаи фармакологияи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бобиёв оид ба синтез ва омӯ­зи­ши хосиятҳои биологии пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти гормонҳои тимус як силсила пажӯҳиш анҷом додааст. Доруҳои ихтироъкардаи Бобиев (тимогар, феронол, тимофер, тимотсин ва акарасиди бобибад, БС) дар амалияи байторӣ мавриди истифода қарор доранд. Муаллифи 270 китобу мақолаи илмӣ, як монография, 8 ихтироъ.

Осор

Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа. Д., 2006;

Химия. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11, Д., 2007;

Руководство по физико-химическим методам фармацевтического анализа. Д., 2009.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2