Бобия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Bahai Temple.jpg|thumbnail|right]]
'''БОБИЯ''' (порсӣ: بابیه) аҳли баён, фирқаи исломии бидъатомезу ислоҳгароёна, ки муассисаш Саййид Алимуҳаммади Шерозӣ мулаққаб ба Боб мебошад. Солҳои 40 а. 19 дар қисми ҷанубии Эрон арзи вуҷуд кардааст. Боб китобе бо номи «Баён» ба забони арабӣ таълиф намуда, онро аз Худо ба ӯ нозилшуда талаққӣ кард. Китоби мазкур шомили унсурҳои ислоҳгароёна ва матолиби тозаи ақидатӣ буд. Аз ҷиҳати Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ ақидаҳои дар «Баён» зикршуда моҳиятан ба муқобили бедодгарии феодалону рӯҳониён ва зӯроварии мамлакатҳои Ғарб нигаронда шуда буд. Уламои шиъа Бобро кофир эълон карда, дар аҳди Насируддиншоҳ ӯро аввал ҳабс карда, баъд ҳамчун муфсид ба қатл расонданд. Вале Боб қабл аз маргаш номае ба пайравонаш навишта, зуҳури пешвои дигареро баъди маргаш хабар дод.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бобия"