Бобо Айнулмулук: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= БОБÒ АЙНУЛМУЛУК |Номи аслӣ= باباعینالملوک |Акс= |Зодрӯз= номаълум |З...
(бе тафовут)

Нусха 05:17, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒ АЙНУЛМУЛУК (порсӣ: باباعینالملوک) (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Зодгоҳаш Бухоро.

Зиндагинома

Дар ҳамин ҷо улуми мутадовилии даврашро фаро гирифтааст. Нисории Бухороӣ дар тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб» аз ӯ чун аз ашхоси муътабар ва маҷзубони замон ёд кардааст. Ба қавли Нисорӣ, дар Бухоро мадфун ва марқадаш зиёратгоҳи мардум будааст. Аз рубоиёти Хайём огоҳӣ доштааст.

Абёти зерин намунае аз шеъри ӯст:

Эй карда маро дар дили мискин маскан,

З-ин беш дилам ба ҷаъди мушкин машкан.

Ё шохи вафо дар чамани ҷон биншон,

Ё бехи вафо аз дили пуркин баркан.

Адабиёт

Нисорий Ҳасанхожа. Музаккири аҳбоб (Дӯстлар ёдномаси). Тошкент, 1993.

  • У. Назиров.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2