Сафар Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сафар Сулаймонӣ
 
х илова
Сатри 1:
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Сафар Сулаймонӣ
|Номи аслӣ=
|Акс=
|Зодрӯз=[[10 март]]и [[соли 1951]]
|Зодгоҳ=[[ноҳияи Сух]]и [[вилояти Фарғона]]и [[Ҷумҳурии Ӯзбекистон]]
|Даргузашт=
|Вазифа= олим
}}
'''Сафар Сулаймонӣ''' - олими соҳаи китобдорӣ ва фарҳангшиносӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии иттилоотсозии Созмони Милали Муттаҳид.
==Зиндагинома==
Сафар Сулаймонӣ [[10 март]]и [[соли 1951]] дар [[ноҳияи Сух]]и [[вилояти Фарғона]]и [[Ҷумҳурии Ӯзбекистон]] таваллуд ёфтааст.
Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри [[Конибодом]] ва факултаи китобдории [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]] таҳсил кардааст ва солҳои дароз дар ин даргоҳи дониш ба донишҷӯёни риштаи китобдорӣ таълим додааст. Баъдтар, соли 1999, ба ҳайси директори [[Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот]]и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таин мешаваду ба таҳқиқи фарҳанг мепардозад ва баъдан корро дар Пажӯҳишгоҳи педагогии кишвар идома медиҳад. Чандин маротиба ба Ҷумҳурии исломии Ирон ва Афғонистон са¬фарҳоисафарҳои хизматӣ идома додааст ва дар натиҷа китобу мақолаҳои назарраси хонданбоб рӯи чоп мео-янд.
Фаъолияти илмию пажӯҳишии Сафар Сулаймонӣ хеле васеъ ва доманадор аст. Вай дар муддати сӣ соли фаъолияти илмию омӯзгориаш даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаҳои пурарзиши илмӣ ва илмию оммавӣ интишор намуда, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ҷомеаро баланд бардоштааст. Ӯ масоили назария, таърихи кори китобхонаҳо, тамаддуни ҷаҳонӣ, фаъолияти китобу китобдорӣ, китобшиносӣ, истилоҳоти китобдорӣ ва педагогика, фарҳангу фарҳангшиносӣ, забоншиносӣ, масъалаҳои ироншиносӣ, фарҳанги исломӣ ва ғайра ақида рондааст.
Асарҳои таълифнамудаи ӯ, ба монанди «Тамаддун» (дар чор ки¬тоб, 2002-2005, дар ҳамкорӣ бо Т.Атахонов), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (1998), «Фарҳангшиносӣ» (2002), «Китобшиносии Ирон ва Ислом» ва «Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ» (2007) ва дигар то кунун китоби саримизии ҳар фарди маърифатпарвару фарҳангии ҷомеа гаштаанд.