Бобо Самосӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= БОБÒ САМОСӢ |Номи аслӣ= باباسماسی |Акс= |Зодрӯз= |Зодгоҳ=Самос |Пеш...
(бе тафовут)

Нусха 08:15, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒ САМОСӢ(порсӣ: باباسماسی) Хоҷа Муҳаммад (ваф. 1353), ориф ва суфии тоҷик, яке аз пирони тариқати силсилаи хоҷагон.

Зиндагинома

Дар деҳаи Самос, ки дар масофаи як фарсанг аз Ромитан ва се фарсанг аз Бухоро воқеъ гаштааст, ба дунё омада, дар ҳамон ҷо мадфун аст. Муриди хоҷа Алии Ромитанӣ (Ҳазрати Азизон) буд. Ҳамроҳи пири худ аз Бухоро ба Хоразм рафта, то замони ваф. ӯ (с. 1316) дар он ҷо монд. Хоҷа Алии Ромитанӣ пеш аз марг Бобо Самосӣро ба ҷонишинии худ баргузида, дигар муридонро ба мутобиат аз ӯ фармуд. Бобо Самосӣро дар шумори аҳли ҷазба ва сукр ёд кардаанд. Наздиктарин асҳоби ӯ чаҳор тан ба ҳи­соб мерафтанд, ки иборатанд аз: хоҷа Суфии Сухорӣ, фарзандаш хоҷа Муҳаммади Самосӣ, мавлоно Нодири Донишманд ва Саййид Амири Кулол. Ахирӣ аз ҳамаи асҳоби Бобо Самосӣ афзалу акмал буда, ҷонишин ва халифаи аввали ӯ ба шумор мерафт. Тибқи ривояти таз­кираҳо, Бобо Самосӣ зуҳури хоҷа Баҳоуддини Нақшбандро пеш аз таваллудаш пешбинӣ карда буд. Чун Баҳоуддин зода шуд, бобояш, ки муриди Бобо Самосӣ буд, ӯро ба ҳузури шайх овард, Бобо Самосӣ ҳам он кӯдаки навзодро фарзанди рӯҳонии хеш хонда, ба халифаи худ Амири Кулол фармуд, ки дар ҳаққи ӯ шафқатро дареғ надорад ва тарбияташ намояд. Ба қавле, Баҳоуддини Нақшбанд талқини зикрро аз Бобо Самосӣ гирифтааст.

Адабиёт

Муҳаммадхоҷаев А. Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор. Д., 2008;

بارساخواجهمحمد. رسالهقدسیة. راولبندی،۱۹۷۵؛

جامیعبدالرحمن. نفحاتالانسمنحضراتالقدس. تاشکند،۱۹۱۰؛

الصفیعلیبنحسینواعظکاشفی. رشحاتعینالحیات. تهران،۱۳۵۶ش.

  • С. Маҳмадуллоҳ.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2