Фарқият байни намунаҳои "Бобо Ҳоҷӣ"

no edit summary
х (→‎Манобеъ: бот: ислоҳ карда истодааст, replaced: [[Category: → [[Гурӯҳ: (2))
}}
'''Бобо Ҳоҷӣ''' - ([[1 май]]и с. [[1928]], деҳаи Похути [[ноҳияи Айнӣ]]и [[Тоҷикистон]]), [[шоир]], Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими фарҳанги Тоҷикистон (1988)
БОБÒ ҲОҶӢ (тахал.; ном ва насаби аслиаш Ҳоҷизода Бобо; таваллуд. 1.5.1928, деҳаи Похути ноҳия Айнӣ), шоири тоҷик. Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988).
 
==Зиндагинома==
== Ҳолнома ==
Хатмкардаи Институтидавлатии педагогии Душанбе (1951). Корманди г-ҳои «Ком­сомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷала «Машъал» (1951–62), муҳарри­ри калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962–67). Солҳои 1967–87 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз с. 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодист. Шеъри аввалинаш с. 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1964), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Нони ҳалол» (1978), «Паймона», «Дурри ятим» (ҳар ду 1986), «Обилаи дил» (2002), «Гули шому саҳар» (2004), «Соябони сар»-и (2008) Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғ. мебошад. Ашъори дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1962), «Соябони сар» (2008) фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд. Дар ашъори ҳаҷвии «Қарсак аз ду даст» (1982) ашхоси бадгуҳар, мансабдорони ноуҳдабаро ва чолпусро бо ҳаҷви тезу тунди нишонрас мавриди сарзаниш қарор додааст. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви» (1970), «Честный хлеб» (1987) фароҳам омадаанд. Чанде аз шеърҳояш ба дигар забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ (англисию чехӣ) тарҷума шудаанд. Инчунин Бобо Ҳоҷӣ ба навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ, публитсистӣ, очерку лавҳа ва хотирот машғул аст. Намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия ва дигар, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Бо нишони тилои Кумитаи муҳофизони сулҳи ИҶШС, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз с. 1954.
Бобо Ҳоҷӣ [[1 май]]и с. [[1928]], деҳаи Похути[[ноҳияи Айнӣ]] дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар синни кӯдаки бе волидайн монда, дар хонаи кӯдакон тарбиву таълим гирифтааст. Соли 1951 факултети филологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи омӯзгории Душанберо]] хатм кардааст.
Баъд аз хатми донишкада ба ҳайси ходими адабӣ, мудири шӯъба, котиби масъули якчанд нашрияҳо ва маҷаллаи "Машъал", сармуҳаррири нашриёти "Ирфон" ва "Маориф" фаъолият кардааст. Солҳои 1981 - 1988 мудири шӯъбаи нашриёти "Адиб" буд. Ҳоло дар нафақа мебошад.
== Эҷодиёт ==
Нахустин шеърҳои Бобо Ҳоҷӣ соли 1949 нашр шудаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърҳо барои кӯдакон:
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
605

edits